МегаФон Тоҷикистон

“МегаФон Тоҷикистон” ба сокинони ҷамоатҳо дар омӯзиши интернет барои таҳсил ва муоширати ройгон кӯмак мекунад

Муҳлати мутолиа: 3 мин
“МегаФон Тоҷикистон” ба сокинони ҷамоатҳо дар омӯзиши интернет барои таҳсил ва муоширати ройгон кӯмак мекунад

“МегаФон Тоҷикистон” ба сокинони ҷамоатҳо дар омӯзиши интернет барои таҳсил ва муоширати ройгон кӯмак мекунад

 Даҳҳо сокинони қишлоқи Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав дар вохӯрии бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташкил гардида буд, иштирок намуданд. Менеҷер оид ба робита бо ҷомеа Беҳрӯз САФАРОВ барои онҳо дар мавзӯи “Имкониятҳои интернети мобилӣ” дарси омӯзишӣ доир намуда, дар бобати роҳу воситаҳои истифодаи имконоти шабакаи ҷаҳонӣ дур аз шаҳрҳои калон ба онҳо маълумот дод.

Суҳбат аз таърихи пайдоиши интернет оғоз ёфт, вале ба назария махсусан вақти камтар ҷудо карда шуд. Мавзӯи асосӣ баррасии манфиати амалии интернет, аз ҷумла, он имкониятҳое буд, ки айни замон аз ҷониби муштариёни “МегаФон Тоҷикистон” васеъ истифода бурда мешаванд. Дар қишлоқи Наврӯз оператор шабакаи 3G-ро ҷорӣ намуд, ин маънои онро дорад, ки акнун тариқи дастгоҳҳои мобилӣ метавон бо суръатҳои баланди 7-10 Мбит/с интернетро бемамониат истифода намуд. Чунин суръат барои истифодаи босамари интернет, хондани хабарҳо, гӯшкунии мусиқӣ ва тамошои видео комилан қулай аст.

Дар байни иштирокчиёни дарси омӯзишӣ бисёр хонандагони синфҳои болоӣ ва хатмкунандагони мактабҳо ҳузур доштанд, барои ҳамин онҳо нисбати интернет ва кӯмаки он ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ мароқи беандоза зоҳир намуданд. Намояндаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар бораи сомонаҳое, ки дар омодашавӣ ба Имтиҳоноти ягонаи давлатӣ ва фаҳмидани миқдори холҳои худ кӯмак мерасонанд, маълумот расонид, бо имконоти таҳсили фосилавӣ ва манбаъҳои омӯзишӣ, ки барои мустақилона гирифтани донишҳо муфид хоҳанд буд, иштирокчиёнро шинос намуд.

Сокинони калонсоли қишлоқ ҳам саволҳои зиёд доданд. Табиист, ки онҳо инчунин ба ҷанбаҳои дигар, аз ҷумла имконияти истифодаи хизматрасониҳои давлатӣ тавассути интернет ва муошират бо наздикон дар асоси шартҳои муфид мароқ зоҳир карданд. Махсусан муфассал онҳо дар бораи барномаи мобилии «МегаФон Life», ки алоқаи овозии мобилиро бо функсияҳои мессенҷер ва “Ҳуҷраи корӣ” барои идоракунии хизматрасониҳо муттаҳид менамояд, саволҳо медоданд. Дар тамоми ҷумҳурӣ истифодабарандагони барнома имкон доранд, ки даъватҳоро тариқи интернет анҷом диҳанд, инчунин ҳамаи зангҳои воридотӣ аз самтҳои байналмилалӣ низ ройгон мешаванд. Ин барои онҳое, ки наздиконашон берун аз ҳудуди Тоҷикистон қарор доранд, муҳим аст. Бо вуҷуди ин, барномаи нав натанҳо ба калонсолон писанд омад.

“Аз рӯйи виҷдон гирем, то имрӯз ман дар бораи ҳамаи ҷиҳатҳои мусбат ва манфии интернети мобилӣ маълумоти пурра надоштам. Акнун омодагӣ ҷиҳати дохилшавӣ ба донишгоҳ осон гардида, инчунин метавонам ба бародарам, ки дар Россия қарор дорад, ба таври дигар занг занам – мо ҳатман барномаи “МегаФон Life”-ро ба кор медарорем, то ки маблағи зиёд сарф накарда бе маҳдудият бо ҳам муошират намоем. Аз ҳар як оилаи қишлоқи мо як нафаре дар Россия кор мекунад, фикр мекунам, бисёриҳо аз ин замима истифода мебаранд”, - фикри худро изҳор намуд хатмкунандаи мактаб Хушбахт МИРЗОЕВ.

Баҳри баландбардории саводнокии интернетии сокинони ҷамоатҳо “МегаФон Тоҷикистон” гузаронидани чунин дарсҳои омӯзиширо ҳамчунин дар навоҳии дурдасти вилояти Хатлон ба нақша гирифтааст.

“Муштариён доир ба он имкониятҳое, ки бо корандозии истгоҳҳои базавии насли сеюм ва чорум пайдо мешаванд, бояд маълумот дошта бошанд. Зеро ҳатто дар қишлоқҳои хурдтарин айни замон метавон амалҳоеро анҷом дод, ки қаблан барои ин зарур меомад ба маркази ноҳиявӣ ё вилоятӣ бирафт. Масалан, китоби барои омодагӣ ба мактаби олӣ заруриро акнун лозим нест, ки дар мағозаҳо ҷустуҷӯ карда бихаред – онро метавон тавассути интернет, бевосита дар экрани смартфон мутолиа намуд. Ин танҳо яке аз мисолҳост. Барои ҳамин мо кӯшиш мекунем, ки ҳарчи зиёдтар чунин дарсҳоро ташкил намоем, то ки ҳаёти муштариёни мо дар нуқтаҳои хурди аҳолинишин қулайтар ва боз ҳам бомуваффақ гардад”, – изҳор дошт Роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2