МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон ба донишҷӯёни суғдӣ доир ба роҳҳои амалигардонии идеяҳои тиҷоратии худ маълумот расонид

Муҳлати мутолиа: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон ба донишҷӯёни суғдӣ доир ба роҳҳои амалигардонии идеяҳои тиҷоратии худ маълумот расонид

МегаФон Тоҷикистон ҳамкории худро бо донишкадаи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар ш.Хуҷанд дар доираи лоиҳаи иҷтимоӣ-таълимии худ таҳти унвони “Ҷавонони оянда” идома медиҳад. Зиёда аз 300 донишҷӯён дар семинар бо унвони “Аз идея то амалигардонӣ”, ки аз ҷониби роҳбари Хадамот оид ба рушди бизнеси корпоративӣ Мухтор СОЛИЕВ гузаронида шуд, ширкат фарзиданд.

 

Лоиҳаи “Ҷавонони оянда” ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар хонишу таҳсили худ боз ҳам муваффақ гардида, донишҳои барои кору фаъолияти ояндаи худ заруриро ба даст оранд. Ин маротиба донишҷӯён бо мисолҳои воқеии инкишофи идеяҳои тиҷоратӣ шиносоӣ пайдо карда, дар бораи имкониятҳои нави рақамие, ки ба онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза зарур омада метавонанд, масалан, дар бораи консепсияи хонаи доно, онлайн-пардохти хизматрасониҳо ва ғ. маълумот гирифтанд.

 

Баъзеи ин технологияҳо аллакай ба муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дастрасанд. Масалан, ба донишҷӯён замимаи мобилии “МегаФон Life”, ки вазифаҳои паёмрасон, ҳуҷраи шахсӣ ва “ҳамён”-и мобилиро дар бар мегирад, муаррифӣ карда шуд. Ҳангоми анҷомдиҳии пардохтҳо ба воситаи “Ҳамён” истифодабарандагони “МегаФон Life” инчунин метавонанд дар шакли бастаҳои ройгони интернетӣ бонусҳоро ба даст оваранд.

 

“Зимни дарсҳои омӯзишӣ ва лексияҳои мо донишҷӯён бисёр донишҳои нав мегиранд, дар ҷодаи алоқаи мобилӣ, маркетинг, имкониятҳои рақамӣ таҷрибаи амалиро ба даст меоранд. Дар натиҷа бисёриҳо идеяҳо баҳри амалилинамоии соҳибкории худ ва воситаҳои нави воридкунии технологияҳои инноватсиониро ба иқтисоди кишвар ҳосил мекунанд. Моҳиятан, бо ҳамин мақсад мо маҳз бо ҷавонон кор мебарем”, - мегӯяд Далер НАИМОВ, Директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2