МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон ба чорабинии идона даъват менамояд!

82 боздид
Муҳлати хондан: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон ба чорабинии идона  даъват менамояд!

Рӯзи 3 октябр дар "Наврӯзгоҳ" (Ипподром)-и пойтахт фестивали МегаФон Life Fest меҳмононро интизор аст! Ташкилкунандаи фестивал – ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мебошад. Чорабинӣ ба 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 20-солагии ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида шудааст. Хабари хуши фестивал – дар ҷашнвора аз рӯи даъвати ширкат сарояндаи бениҳоят маъруф Баста иштирок менамояд.      

 

Баромади хедлайнери фестивал, рэпер Баста - як рӯйдоди нодир аст. Баста навозанда, оҳангсоз, актёр, сенариянавис, коргардон, продюсер, баранда ва ҳатто соҳиби клуби футбол буда, бори аввал ба Тоҷикистон омадааст. Ситораи дигари ҷашн Ҷаҳ Халиб - рэпер, сароянда, битмейкер, продюсер мебошад!

 

Бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, муаррифии технологияҳои баланд, майдонҳои шӯхиву дилхушӣ барои дӯстдорони рақс ва бозиҳои видеоӣ, донандагони санъати муосир, мухлисони жанри стендап – ҳамаи ин ҳоло рӯйхати пурраи майдонҳои фестивал нест. Барномаи муфассали чорабинӣ дар lifefest.megafon.tj [ https://lifefest.megafon.tj/ ] .    

 

“Якбора ду ҷашнвора - беҳтарин сабаб барои ба сокинони Тоҷикистон тақдим кардани чунин чорабинии хотирмон мебошад. Мо барномаи фестивалро тавре таҳия намудем, ки дар он ҳар кас барои худ чизи ҷолибе пайдо кунад, вақташро хуш гузаронад ва нерӯи тозае касб намояд. Ҳамаро дар фестивал интизорем!” – гуфта, сокинони кишварро ба чорабинӣ даъват кард Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

                                                                                                       

MeгаФон Life Фест рӯзи 3 октябр аз соати 10:00 то 22:00 дар “Наврӯзгоҳ”   (Ипподром) шуморо интизор аст!   Чиптаҳоро барои фестивал тавассути замимаи мобилии ройгони «MeгаФон LIFE» харидан мумкин аст. Нархи чиптаи оддӣ - 80 сомонӣ, чипта бо дастрасӣ ба минтақаи мухлисон дар наздикии саҳнаи асосӣ - 120 сомонӣ мебошад. Ҳангоми харид, муштариёни MeгаФон кешбэк ба андозаи 20% ба даст меоранд. Кӯдакони то 10-сола ройгон ворид мешаванд.   

Ҷашнвораи рангин, бошукӯҳ ва инноватсиониро нагузаронед!


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2