МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон ба бачагони шаҳри Душанбе барои хурсандона пешвоз гирифтани тобистон мусоидат намуд

52 боздид
Муҳлати хондан: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон ба бачагони шаҳри Душанбе барои хурсандона пешвоз гирифтани тобистон мусоидат намуд

МегаФон Тоҷикистон ҳамчун Digital-шарики фестивали «Салом, тобистон!» ки аз тарафи медиа-гурӯҳи "Азия-Плюс" дар боғи ботаникии шаҳри Душанбе баргузор гардид, баромад намуд. Иштирокчиёни асосии ҷашн, ки ба рӯзи байналмилалии кӯдакон рост омадааст, албатта меҳмонони хурдсол буданд. МегаФон барои онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва зиёфат, барои кӯдакони калонтар бошад - туҳфаҳоро дар шакли трафики интернет омода кард.    

 

Барномаи фестивал озмунҳо ва машғулиятҳои омӯзишии эҷодиро дар бар гирифт, кӯдакон шоҳмотбозиро омӯхтанд, футбол бозӣ карданд, дар батут ҷаҳиданд ва ҳунарнамоии сарояндагон ва ҳунармандони сиркро тамошо карданд. Бо аъзоёни оила дар болои сабзазор нишаста, хӯрокҳоро тановул кардан мумкин буд. Wi-Fi-и ройгон, ки дар тамоми ҳудуди баргузории фестивал аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташкил карда шуд, барои ҷойгиркунии аксҳо имконият фароҳам овард.  

 

Оператори имкониятҳои нави рақамӣ танҳо бо Интернети баландсуръат маҳдуд нагардид. Дар назди мизи «МегаФон» мушовирон ба калонсолон дар бораи хидматрасонии муосири алоқа маълумот дода, дар пайваст кардани тарофаҳои силсилаи маъруфи «Биё!» бо тахфифи 50% кӯмак мекарданд. Ғайр аз ин, ба муносибати 1 июн ба меҳмонон обунаи ройгон ба портали фароғатӣ ва маърифатии "Mega Kids" бо филмҳои тасвирӣ, бозиҳо, афсонаҳо, китобҳо ва мусиқӣ барои як моҳи пурра пешниҳод карда шуд.

 

Меҳмонони хурдсоли оператор метавонистанд бозӣ кунанд ва туҳфаҳои муфид, аз ҷумла сертификатҳо барои 20 ГБ трафики интернет ба даст оранд. Ҳаҷми мазкур барои муошират бо дӯстон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тамошои филмҳои дӯстдошта ё ба таври онлайн хондани китобҳои ҷолиб кифоя аст. Воқеан, ин ҳаҷми трафик тасодуфӣ интихоб нашудааст, зеро имсол МегаФон Тоҷикистон 20-солагии худро ҷашн мегирад. Хӯрокҳои болаззат низ фаромӯшнашаванда буданд. Ҳамин тариқ, меҳмонони МегаФон метавонистанд яхмоси рангаш сабзро бо нархи 1 сомонӣ бихаранд ва 99 дирами он дарҳол дар шакли кэшбек ба ҳисоби мобилии харидор баргардонида мешуд. Маълум мешавад, ки худи яхмос ҳамагӣ 1 дирам нарх доштааст. Дар натиҷа, ягон меҳмоне бе туҳфа намонд.  

«Хеле хуб аст, ки имкони баргузории чунин идҳо барои сокинони кишварамон ниҳоят баргашт! Мо дар ҳақиқат муоширатро бо муштариёнамон хеле пазмон шудем. Аз ин рӯ кӯшиш кардем, ки барои онҳо авзои тобистона фароҳам орем. Меҳмонони хурдсоли мо низ вақташонро хеле хуб гузарониданд. Ман аз самими қалб ба бачаҳо хушҳолона ва шавқовар гузаронидани тамоми таътили тобистонаро таманно дорам!» – иброз дошт Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2