Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба истифодабарандагони фаъоли интернет зиёд кардани трафикро боз ба 5 000 Мб пешниҳод менамояд. Барои ин танҳо гузаштан аз SIM-корти оддӣ ба eSIM-и электронӣ кофист. Иқдом бо имконияти “ба таври автоматӣ” гирифтани туҳфа аз МегаФон то 31 декабри соли 2020 (дохилан) идома меёбад.
МегаФон Тоҷикистон барои муштариёнаш моҳи феврали соли равон бори аввал як намуди нави корти eSIM-ро пешниҳод кард. eSIM ин модулест, ки дар дастгоҳи муштарӣ насб шудааст. Афзалияти чунин кортҳо аз он иборат аст, ки онҳо аз сабаби зарари механикӣ ноком шуда наметавонанд, онҳоро ҳам дар смартфону планшетҳо ва ҳам барои шабакаи мобилии гаҷетҳо, аз ҷумла соати доно ва дастбанди фитнесӣ, истифода бурдан мумкин аст.
Гузариш ба eSIM дар идораҳои хизматрасонии МегаФон Тоҷикистон сурат мегирад. Шумо бояд бо худ дастгоҳи дастраскунандаи технологияи мазкур ва шиносномаи амалкунанда (ID-корт)-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошед.
Як муштарӣ метавонад барои худ на бештар аз ду рақам ба расмият дарорад. Арзиши гузариш аз корти оддӣ ба корти электронӣ 30 сомониро ташкил медиҳад.
Шурӯъ аз 13 ноябр, ҳангоми гузаштан ба eSIM муштариёни оператор ба таври автоматӣ ба бастаи якдафъаинаи туҳфавии трафики интернет дар ҳаҷми 5000 МБ пайваст мешаванд. Ин баста - 30 рӯз эътибор дорад. Муштариёне, ки аз корти оддӣ ё тавассути технологияи eSIM ба корти электронӣ мегузаранд, дар иқдом иштирок карда метавонанд. Ҳангоми аз як eSIM ба дигараш гузаштан бастаи туҳфавӣ ба муштарӣ дода намешавад
«eSIM яке аз назаррастарин нишонаҳои "ҷаҳони рақамӣ" мебошад, ки мо воқеан дар он зиндагӣ мекунем. Истеҳсолкунандагони дастгоҳҳои мобилӣ беш аз пеш онҳоро бо кортҳои электронӣ муҷаҳҳаз мекунанд ва ба зудӣ ин ҳатмӣ хоҳад шуд. Аз ин рӯ, мо аллакай ба муштариён барои азхуд кардани технологияи пешрафтаи eSIM кӯмак мерасонем. Бонуси хуб барои он 5 ГБ трафики интернет хоҳад буд, ки мо онро барои фаъолнокии бештари рақамӣ туҳфа менамоем. Дар арафаи Соли нав трафики иловагӣ барои табрик кардани наздикон, фиристодани видео кортҳо ва аксҳои идона мусоидат мекунад. Боварӣ дорам, ки бастаи туҳфавӣ ба имкониятҳои муқаррарии интернети мизоҷони пешрафтаи мо иловаи муфид ва гуворо шуда метавонад!» – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Таджикистан» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ