МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон Наврӯзро дар фазои анъанаҳои мардумӣ пешвоз мегирад

  • Ширкат
1 боздид
Муҳлати мутолиа: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон Наврӯзро дар фазои анъанаҳои мардумӣ пешвоз мегирад

Дар арафаи Наврӯз дар идораҳои хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” фазои махсус ҳукмрон мегардад. Аз 16 то 31 март муҳити марказҳои хизматрасонӣ саршор аз рангҳои дурахшон, гармию самимияти анъанаҳои мардумӣ ва руҳияи идона хоҳад буд.

Дар рӯзҳои ид идораҳои ширкат ба гӯшаҳои воқеии фарҳанги анъанавӣ табдил меёбанд. Дохили идораҳо бо ашёҳои санъати ороишӣ ва амалии тоҷикӣ: зардӯзӣ, матоъҳои зебои сӯзанӣ, адрасу атласи рангин ва нақшҳои анъанавии чакан оро дода мешаванд. Ҷои махсусро ашёҳои қадима - кӯзаҳо ва косаҳои наққошидор, қошуқҳо ва табақҳои чӯбӣ, сабадҳои бофта ва нондонҳо ишғол мекунанд. Аксарияти ашёҳоро кормандон аз хона меоранд ва идораҳои хизматрасониро ба як навъ нигораҳои осорхонавӣ табдил медиҳанд.

Худи мушовирони ширкат низ ба ин ҷашн рангу ҷолибияти хос мебахшанд. Онҳо меҳмононро бо либоси миллӣ истиқбол гирифта, анъанаҳои минтақаҳои гуногуни кишварро муаррифӣ менамоянд. Ороиши ҳар як толор беназир аст: кормандон муносибати касбиро нишон дода, хусусиятҳои фарҳангии диёри худро инъикос мекунанд.

Таоми анъанавӣ низ табъу руҳияро хушу болида месозад. Меҳмононро бӯи суманак, маззаи бодому мавиз ва аз ҳама муҳим - табассуми самимии кормандон истиқбол мегиранд. Меҳмоннавозию таваҷҷуҳ ба ҳар як меҳмон қисми муҳими хизматрасонии ширкат, ҳам дар рӯзҳои ид ва ҳам дар рӯзҳои корӣ боқӣ мемонад.

“Наврӯз - рамзи эҳё, ваҳдату ягонагӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллӣ аст. Барои ширкати мо на танҳо рушди хизматрасониҳои муосири рақамӣ, балки ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ низ муҳим мебошад. Маҳз барои ҳамин кормандон ҳар сол бо шавқу завқ идораҳоро ороиш дода, меҳмононро бо либосҳои мардумӣ пешвоз мегиранд ва муҳити воқеии идонаро фароҳам меоранд”, - мегӯяд Муродҷон Норматов, роҳбари шабакаи фурӯши ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2