Дар институти ҷумҳуриявӣ оид ба баландбардории сатҳи ихтисоси омӯзгорон муаррифие доир гардида, ки дар давоми он кормандони мактабҳои Ноҳияҳои тобеи Марказ дар бораи имкониятҳои иловагии таҳвил бо ёрии интернет, аз ҷумла интернети мобилӣ маълумотҳо гирифтанд. Муаррифии манбаъҳои омӯзишии Шабакаи ҷаҳониро кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” доир намуданд.
Интернет имкон медиҳад, ки дар ҳама гуна макон, ки дар он шабакаи мобилӣ дастрас аст, донишҳо ба даст оварда шаванд. Метавон тариқи смартфонҳою планшетҳо дар хона, автобус, боғҳо ё мактабҳо наворҳои омӯзишии видеоиро тамошо намуд ва китобҳоро мутолиа кард. Омӯзгорон нисбати усулҳои онлайн-омӯзиш, ки истифодаи онҳо дар ҷараёни дарсҳо имконпазир аст, мароқи бештар зоҳир намуданд. Масалан, намоиши расмҳо ё шунавонидани аудиороликҳои интернетӣ ҳангоми фаҳмонидани мавзӯи нав аз қатори чунин усулҳост.
Иштирокчиёни вохӯрӣ ба чунин ақида омаданд, ки истифодаи интернет ҷараёни таҳсилро барои хонандагони муосири технологияҳои навро азхудкунанда ниҳоят ҷолиб хоҳад гардонид.
“Ман аллакай соли ҳаштум алоқаи «МегаФон Тоҷикистон»-ро истифода мебарам, на танҳо ман, балки оилаи ман низ ба алоқаи боэътимоди Шумо баҳои баланд дода онро қадрдонӣ мекунад. Имрӯз бошад, ман фаҳмидам, ки ширкат дар гирифтани маълумоти сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад. Ташаккур барои тавсияҳо ва донишҳои муфид!” – мегӯяд ба намояндагони оператор омӯзгор аз Ҳисор Мукаррами ШАРИПОВА.
Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба омӯзгорон доир ба хизматрасониҳо барои муоширати қулай ва муфид – бахусус, дар бораи барномаи мобилии “МегаФон Life” маълумот расониданд. Он алоқаи мобилӣ, мессенҷерҳо, “Ҳуҷраи корӣ” барои идоракунии хизматрасониҳоро дар бар гирифта, инчунин имкон медиҳад, ки чатҳои гурӯҳӣ ташкил гардида, табодули аксҳо, видео ва файлҳои дигар ба амал бароварда шавад. Аз чунин амалҳо омӯзгорон ҳангоми кор бо хонандагон баҳра хоҳанд бурд. «МегаФон Life» боз як ҷиҳати мусбат дорад, ки он ҳам аз эътибор холӣ нест: зангҳои содиротӣ ба самтҳои байналмилалӣ барои муштариёни истифодабарандаи барномаи «МегаФон Life» комилан ройгонанд. Ин барои онҳое, ки дар хориҷа мавриди сафари хизматӣ қарор доранд, хеле муҳим аст.
“Вақте дар навоҳии Тоҷикистон телеком-хизматрасониҳои нав пайдо мешаванд, ҳаёти одамон рӯ ба беҳбудӣ мениҳад, боз ҳам қулайтар мешавад. Барои дастраскунии китобҳои зарурӣ аллакай зарур нест, ки ба шаҳр равед – онҳоро метавон тариқи онлайн дар дастгоҳи мобилӣ мутолиа намуд. Интернет ҳатто имкон медиҳад, ки тавассути таҳсили фосилавӣ дар Мактаби олӣ маълумот бигиред. Бо пешниҳоди маълумотҳо оид ба имкониятҳои шабакаи ҷаҳонӣ ба сокинони НТМ мо кӯшиш менамоем, ки онҳо то ҳадди имкон васеъ – аз ҷумла дар самти баландбардории сатҳи касбият ва маълумотнокӣ истифода бурда шаванд”, - қайд намуд Роҳбари Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.