МегаФон Тоҷикистон

“МегаФон LIFE Фест” Ваҳдатро хушҳол намуд!

24 боздид
Муҳлати мутолиа: 2 мин
“МегаФон LIFE Фест” Ваҳдатро хушҳол намуд!

23 сентябр МегаФон сокинони Ваҳдатро ба чорабинии бузурги идона таклиф намуд. Фестивал якбора ба ду рӯйдоди муҳим: 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бахшида шуд.

 

“Ташаккури зиёд барои ҷашн! Барои эҳсосоти гуворо, табъи болида! Зеро инсон бояд на танҳо хуб фаъолият намояд, балки инчунин ба роҳат истироҳат карда тавонад, ин хеле муҳим аст. Хурсанд аз онем, ки МегаФон нисбати мо, муштариёнаш, ғамхорӣ зоҳир мекунад: алоқаи боэътимод, хизматрасонии баландсифатро таъмин менамояд, хизматрасониҳои навро ба вуҷуд меорад. Ва албатта ҷашнҳоро фаромӯш намекунад!” – аз таассуроти худ сухан гуфта, изҳор дошт Азиза ГУЛОНОСИРОВА, сокини шаҳри Ваҳдат.

 

Барномаи интерактивии рақсӣ, озмунҳои ҷолиб бо туҳфаҳо ва ғолибон, бурди чиптаҳо ба чорабинии “МегаФон Life Фест”, ки дар Душанбе санаи 3 октябр доир мешавад, ба иштирокчиёни ҷашн имкон доданд, ки вақти худро хуш гузаронанд. Ва албатта мусиқии писанди ҳамагон садо медод! Ба ҳайси ситора ва меҳмони чорабинӣ Сафармуҳаммади Рустам, сароянда аз Тоҷикистон ва маҳбуби ҷавонон ҳузур дошт.

 

Дар майдони фестивал махсусан барои ҳалли масъалаҳои муштариён, машваратдиҳӣ, пайвасткунӣ ба шабака ва пайвастнамоии хизматрасониҳои мубрами инноватсионӣ нуқтаи фурӯш ва хизматрасонии ширкат амал мекард. Сокинони Ваҳдат имкон доштанд, ки бо истифода аз интернети мобилӣ дар минтақаи қулайи Wi-Fi-и оператор бо дӯстону наздикон муошират карда, ба таври фаврӣ аксу видеоро ирсол намоянд.

 

“Ҳам рӯзҳои корӣ ва ҳам рӯзҳои идона мо паҳлуи муштариёнамон ҳастем, ин вазифаи аввалиндараҷаи касбии мост. Тӯли 20 соли фаъолият дар ҷумҳурӣ МегаФон ба манфиати кишвар ва сокинони он шабакаеро бунёд намуд, ки сифати баланди алоқа ва Интернети баландсуръатро таъмин менамояд. Ин ба муштариёни мо дар кору фаъолият, муоширати шахсӣ кӯмак намуда, бевосита ба сифати ҳаёт низ таъсир мерасонад. Бо таҷлили ҷашни 20-солагӣ мо тасмим гирифтем, ки ба иҷроиши вазифаҳои нав шуруъ намоем. Муосиргардонии шабака бо реҷаи ҳаррӯза ҷараён дошта, толорҳои нави фирмавӣ пайдо мешаванд. МегаФон аллакай на фақат оператори кандуӣ, балки ширкате мебошад, ки ба муштариёни худ дарро ба олами имкониятҳои нави рақамӣ боз мекунад”, - натиҷаҳои ҷашнро шарҳ дода, изҳор дошт Парвиз ДАВЛАТОВ, директори раёсати минтақавии МегаФон Тоҷикистон дар ш.Душанбе ва НТМ.

 

“МегаФон Life Фест” 3 октябр аз соати 10:00 то 22:00 дар шаҳри Душанбе – ипподроми “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт баргузор хоҳад шуд. Дастраскунии чиптаҳо ба фестивал тавассути замимаи мобилии ройгони “МегаФон LIFE” имконпазир аст. Нархи чиптаи оддӣ – 80 сомонӣ, чиптаи дорои дастрасӣ ба минтақаи мухлисон, яъне назди саҳна – 120 сомонӣ. Ҳангоми харидани чипта муштариёни МегаФон дар ҳаҷми 20% кэшбек ба даст меоранд. Барои кӯдакони то 10-сола даромад ройгон аст.

Барномаи муфассали фестивал – дар lifefest.megafon.tj [ https://lifefest.megafon.tj/ ]


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2