МегаФон Тоҷикистон

Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” “Устодони алоқа” эътироф гардиданд

Муҳлати мутолиа: 1 мин
Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” “Устодони алоқа” эътироф гардиданд

Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар соҳаи телекоммуникатсионии кишвар унвони баландро соҳиб гардиданд. Акнун 14 мутахассиси оператори имкониятҳои нави рақамӣ “Устодони алоқа” эътироф гардиданд. Мукофотҳо ба устодон аз ҷониби роҳбари Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур супурда шуданд.

Барои фаъолияти босамар, инкишофи инфрасохтори техникӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ ба манфиати аҳолӣ унвони “Устоди алоқа”-ро директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Рафил Аглямов, Директори тиҷоратӣ Ҷамшед Бобоалиев, роҳбари шуъбаи назорати техникӣ Фирдавс Илёсов ва муҳандиси калон оид ба корбурди системаҳои пойгоҳҳои базавӣ Асрор Ҳафизов соҳиб шуданд.

Боз ҳашт корманди ширкат барои меҳнати бисёрсолаи бовиҷдонона бо ифтихорномаҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Қариб ҳамаи шахсони мукофтонидашуда дар соҳаи мазкур аллакай бист ё бештар сол кор мекунанд. Ҳамин тариқ, Лола Исломова ва Саймалик Қурбонов ба касби номбурда зиёда аз 28 соли худро бахшиданд. Таҷрибаи бештари кориро Сергей Бичков соҳиб аст – номбурда дар соҳаи алоқа 30 сол боз фаъолият дорад!

“Касби мутахассиси алоқа маҳорати баландро талаб мекунад. Барои инкишоф додани шабака, роҳандозӣ намудани технологияҳои нав кори худро хуб бояд донист. Бо мукофотонии Устодони алоқа ҳукумати кишвар мехоҳад меҳнати тамоми ширкат ва саҳми назарраси онро дар ташкили иқтисодиёти рақамӣ қадрдонӣ намояд”, - изҳор дошт Бег САБУР.

“Дар ширкати мо мутахассисони воқеан касбӣ кору фаъолият доранд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки аввалин шуда технологияҳои навинро ба манфиати сокинони ҳамаи минтақаҳои кишвар аз худ намоянд. Мукофотҳои Хадамоти алоқа барои пешсаф мондан дар соҳаи инноватсияҳои рақамӣ як навъ воситаи ҳавасмандкунанда ба шумор мераванд. Хеле гуворост, ки меҳнати мутахассисони мо бо мукофотҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешавад. Мо минбаъд низ ҳаракат мекунем, ки сифату дастрасии интернети мобилиро баланд бардорем!” – мегӯяд директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий АНАТОЛЕВИЧ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2