МегаФон Тоҷикистон

Кормандони шабакаи хизматрасонӣ анҷоми худро нав менамоянд

2 боздид
Муҳлати мутолиа: 1 мин
Кормандони шабакаи хизматрасонӣ анҷоми худро нав менамоянд

Кормандони идораҳои хизматрасонии “МегаФон Тоҷикистон” дресс-коди анъанавии худро ба сару либоси нави нисбатан қулай ва замонавӣ иваз менамоянд.

“Вазифаи мо – ба муштариён наздиктар будан аст. Ин ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ширкат – аз таҳияи хизматрасониҳои рақамие, ки ҳаёти одамонро соддатар намуда, ба онҳо дар ҳалли вазифаҳои рӯзмарра кӯмак мекунанд, то намуди зоҳирии кормандон дахл дорад. Ва агар барои шуъбаҳо оид ба кор бо мизоҷони корпоративӣ дресс-коди расмӣ чораи мантиқӣ ба ҳисоб равад, пас барои толорҳо дар марказҳои савдо ё маркази ноҳияҳо беҳтар мешуд, ки сабки нисбатан озоди сару либос ба кор бурда шавад”, - масъаларо шарҳ дода изҳор медорад директори тиҷоратӣ Ҷамшед БОБОАЛИЕВ. 

Анҷоми нави кормандони соҳаи хизматрасонӣ бо рангҳои брендии МегаФон омода карда шуда, дар баробари ин, бо қулай будани худ ва дӯхти замонавӣ фарқ мекунад. Тавре дар ширкат қайд мекунанд, он имкон медиҳад, ки муносибатҳо бо мизоҷон боз ҳам наздиктару эътимоднок карда шуда, ба ин тариқ худи хизматрасонӣ низ ба сатҳи нави сифат бароварда шавад.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2