МегаФон Тоҷикистон

Иштирокчиёни мусобиқаи “Оянда аз ту вобаста аст” бо ситораҳои футбол вохӯрӣ намуданд

5 боздид
Муҳлати мутолиа: 3 мин
Иштирокчиёни мусобиқаи “Оянда аз ту вобаста аст” бо ситораҳои футбол вохӯрӣ намуданд

Сафорати ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бачагон – иштирокчиёни мусобиқаи футболи “Оянда аз ту вобаста аст” чорабинии тантанавиро ташкил намуд. Бачагон аз интернати №1 шаҳри Душанбе ва хонаи кӯдакони ноҳияи Шаҳринав аз шарикони мусобиқаҳо туҳфаҳо гирифта, инчунин бо футболбозони номдори рус ва тоҷик ҳамсуҳбат шуданд.

Тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон ва интернатҳо аллакай ёздаҳ сол дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки ба сифати ташкилкунандаи он дар кишвар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо дастгирии ВКХ ҶТ ва Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон баромад мекунанд, иштирок менамоянд. Дар соли ҷорӣ миқдори шарикони лоиҳаи бомиқёси хайриявиро ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” низ пурра кард.

 

“Хеле хушҳол аз онем, ки бо дастгирии мо бачагон на танҳо саривақт ба мусобиқаҳо ҳозир шуданд, балки инчунин сафари фаромӯшнашавандаро ба Баҳри сиёҳ анҷом доданд. Баъди маҳдудиятҳои зиддивирусӣ авиатсия ҳоло бо иқтидори пурра ба кор надаромадааст, лекин бо чиптаҳо таъмин намудани иштирокчиёни мусобиқае, ки аз ҷониби МегаФон ташкил карда мешавад, барои мо вазифаи аз ҷиҳати маънавӣ муҳим ба ҳисоб мерафт. Бигзор якчанд рӯзи дар Сочи гузаронидашуда дар хотираи бачагон ҳамчун як ёддошти барҷаста боқӣ бимонад!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” Абдулқосим ВАЛИЕВ.

 

Тамоми ёздаҳ сол ба ҳайси шарики мусобиқа Сафорати ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд. Пас аз анҷоми бозиҳо дипломатҳо футболбозони ҷавонро ба назди худ ба меҳмонӣ даъват мекунанд. Ин маротиба низ иштирокчиёни бозиҳоро гурӯҳи варзишгарони касбӣ интизор буданд. Онҳо доир ба таҷрибаи худ маълумот расонида, варзишгарони ҷавонро бо суханҳои нек ба сӯйи ҳати мустақил роҳнамоӣ карданд. Дар вохӯрӣ мураббиён Игор Черевченко ва Виталий Левченко, собиқадори футболи тоҷик Хуршед Маҳмудов иштирок доштанд. Ҳангоми суҳбат бо бачагон Игорь Черевченко изҳор дошт, ки барои онҳо ноилшавӣ ба муваффақият дар соҳаи варзиш воқеан имконпазир аст. “Ҳама гап дар пойҳо ва фикрронии шумост!” Ба ғайр аз аксгирӣ бо ситораҳо ва гирифтани дастхатҳои онҳо бачагон аз ташкилкунандагони мусобиқа туҳфаҳо, аз ҷумла футболкаҳои номӣ ва тӯбҳои навро ба даст оварданд. Бо онҳо бачагон имкон доранд, маҳорати варзишии худро сайқал диҳанд.

 

“Барои ман ҳамчун дипломат дидани он, ки бачагон аз Русия бо чӣ миқдор эҳсосоти олии мусбат бармегарданд, доимо хурсандиовар аст. На он қадар натиҷаҳои қувваозмоӣ, балки он эҳсосоте муҳим мебошанд, ки бачагони таҳти сарпарастии давлат қарордошта изҳор менамоянд. Агар ҳадди ақал якчанд рӯз онҳо дарвоқеъ хушбахт шуда бошанд – мо низ баробари онҳо ниҳоят хушбахтем! Таманно дорам, ки бачагон ҳамчун шахсони қавиирода ва муваффақ ба камол бирасанд!” – мегӯяд Сафири мухтор ва фавқуллодаи Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.

 

Аз номи ташкилкунандагони мусобиқаҳо ба футболбозони ҷавон Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников чунин муроҷиат намуд: “Аллакай ёздаҳ сол паиҳам мо дар Тоҷикистон мусобиқаи “Оянда аз ту вобаста аст”-ро баргузор мекунем. Ман маротибаҳои зиёд аз нишастгоҳ бозии футболбозони тоҷикро тамошо карда будам. Барқзании чашмонашонро мушоҳида мекардам. Дар он нигоҳҳо баръало орзуи қавии ноилшавӣ ба пирӯзӣ дида мешуд. Ман дақиқ гуфта метавонам, ки мусобиқаи мазкур иродаро басо мустаҳкам менамояд. Дар ҳосил кардани боварӣ ба нерӯи худ, пайдо кардани мақсад дар ҳаёт мусоидат мекунад. Иштирокчини мусобиқаҳои аввалини мо муваффақиятҳои муайянро ба даст оварданд. Албатта, на ҳамаи онҳо футболбозони касбӣ шуданд, лекин аксарашон дарк карданд, ки ба комёбиҳо ноил шуда метавонанд, фаҳмиданд, ки оянда воқеан аз онҳо вобаста аст. Мақсадҳои бузург гузоред. Агар бозӣ карданӣ бошед – танҳо ба хотири пирӯзӣ! Ба худ бовар дошта бошед. Агар чизеро аз таҳти дил бихоҳед – ҳатман онро ба даст меоред! Мо аз муваффақиятҳои Шумо хеле хушҳол хоҳем шуд! Ба Шумо барору хушбахтӣ орзумандам!” – изҳор дошт Анатолий ИЗЮМНИКОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2