МегаФон Тоҷикистон

Интернети 4G аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба Данғара омад

Муҳлати мутолиа: 2 мин
Интернети 4G аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба Данғара омад

Муҳандисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” истгоҳи якуми базавии стандарти 4G-ро дар ноҳияи Данғара ба кор дароварданд. Акнун ба сокинони маркази ноҳия интернети мобилӣ бо суръати 30 Мбит/с дастрас аст. Маҳз ҳамин иқдом имкон дод, ки бозиҳои Чемпионати ҷаҳонии FIFA ё сериалҳои дӯстдошта дар экранҳои смартфонҳо ва планшетҳо дар дилхоҳ маконе, ки шабакаи насли чорум онро фаро гирифтааст, тамошо карда шаванд.

Ноҳияи Данғара – яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, танҳо дар маркази ноҳияв 25 ҳазор нафар истиқомат доранд. Дар ин ҷой фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан ҷойгир буда, аз деҳа роҳи автомобилгарди Душанбе – Кулоб мегузарад. Акнун сокинони Данғара худро чун як қисми фазои ягонаи ҷаҳонии иттилоотӣ эҳсос карда  метавонанд. Бо корандозии шабакаи 4G муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба дилхоҳ манбаъҳои интернет дастрасии босуръат пайдо намуданд.

“Суръатҳои насли чорум истифодаи интернет, гӯшкунии онлайни мусиқӣ, тамошои наворҳоро аз дастгоҳҳои мобилӣ қулай мегардонанд. Сокинони Данғара имкон доштанд на танҳо ҷараёни мусобиқаҳои ЧҶ-2018-ро назорат кунанд, балки ин амалро ба воситаи замимаи  “Formula55” ройгон ба амал бароранд. Дӯстдорони сериалҳо бошанд онҳоро дар портали “Mega-Movie” бо сифати аъло тамошо мекунанд”, - қайд менамояд Маҷид САЙТАСАНОВ, Роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон. 

“Ман алакай соли сеюм дар Душанбе таҳсил дорам, вале ҳангоми таътил ҳар дафъа ба Данғара бармегардам. Хурсандиовар аст, ки акнун дар хонаи худ чун дар пойтахт ман интернети 4G-ро истифода бурда метавонам! Кӯшиш мекардам ягон бозии Чемпионати Ҷаҳон оид ба футболро нодида намонам, боз дар смартфон сериали дӯстдоштаи худ – “Игра престолов”-ро тамошо мекунам. Ташаккур ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои чунин имкониятҳо!” – таассуроти худро мегӯяд донишҷӯйи курси 3-юми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Дилшод АХМЕДОВ.  

“МегаФон Тоҷикистон” инкишофи шабакаи 4G-ро дар маркази вилоятӣ идома медиҳад. Дар моҳи май дар ҳудуди Бохтар боз ду истгоҳи базавии насли чорум корандозӣ шуданд. Ин имкон дод, ки фарогирӣ беҳтар карда шуда, минтақаи фаъолияти интернети босуръати мобилӣ васеъ карда шавад. Дар ҳоле ки ҳарчи бештар муштариёни оператор дастгоҳҳои мобилиро бо дастгирии 4G дастрас менамоянд ва имкониятҳои нави интернетро барои худ кашф мекунанд, ин иқдом айни муддаост.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2