МегаФон Тоҷикистон

«Хуш омадед»: SuperApp-ро биомӯз ва соҳиби туҳфаҳо шав!

Муҳлати мутолиа: 1 мин
«Хуш омадед»: SuperApp-ро биомӯз ва соҳиби туҳфаҳо шав!

Муштариёни нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои омӯхтани имкониятҳои  замимаи мобилии “MeгаФон  Life” соҳиби  мукофот мегарданд.  Барои ин бори аввал анҷом додани  амали муайян  - масалан, мустақилона пайваст кардани хизматрасонии  лозимӣ дар “MeгаФон  Life”  ё  харидани чипта  тариқи  хизматрасонии “Намоишҳо” кифоя аст.        

Барномаи “Хуш омадед” – ин квести иборат  аз  дувоздаҳ марҳила мебошад, ки онҳоро бо дилхоҳ  тартиб ва дар вақти қулай  гузашта мешавад.   Онҳо ба вазифаҳои асосии “MeгаФон  Life”, аз ҷумла пардохт тавассути “Ҳамён”-и мобилӣ, истифодаи зангҳо ва паёмрасонҳо   дар замима, идоракунии хизматрасониҳои  алоқа, вобастаанд.    

Мукофотҳо  барои гузаштани  марҳилаҳо, ба монанди   трафики интернет аз 200 то 1000 МБ, 1000 танга дар бозии " Лайфи " ё "комбо" - 4000 МБ барои  шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube, пешбинӣ шудаанд.     Ҳамин тариқ, ҳалли масоили ҳаррӯза   ба истифодабаранда бонусҳои дилписанд низ тақдим менамояд. Мукофотҳо дарҳол  пас аз анҷоми марҳилаҳо фаъол карда мешаванд. Муҳлати амали трафики интернети туҳфавӣ -  30 рӯз аз лаҳзаи  фаъолкунӣ мебошад.      

Ҳамаи муштариёни нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки тарофаи  “Биё! Бисоз Life”-ро пайваст намуданд,  ба таври автоматӣ иштирокчии барномаи «Хуш омадед» мегарданд ва  метавонанд дар  замима равзанаи марҳилаҳои барномаро бубинанд. Маълумоти бештар дар бораи шартҳо ва  мукофотҳо дар  ҷадвал оварда шудааст. 

Замимаи “МегаФон Лайф”-ро боргирӣ намуда, дар барномаи “Хуш омадед” иштирок кунед ва соҳиби туҳфаҳои  муфид аз МегаФон Тоҷикистон гардед!


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2