МегаФон Тоҷикистон

Хатлон бо хизматрасонии услуби «эко» шинос мешавад

Муҳлати мутолиа: 1 мин
Хатлон бо хизматрасонии услуби «эко» шинос мешавад

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ шабакаи фурӯши худро дар вилояти Хатлон васеъ мекунад. Сокинони Кӯлоб на танҳо толори нав, балки  фазои муосири услубан хосро дар формати «эко» хоҳанд дид. Дар ин ҷо санҷиши  гаҷетҳои муқтадир ва хизматрасониҳои рақамӣ махсусан  гуворо мегардад.

Толори нав дар кӯчаи Ҷумъа Алӣ барои кабули меҳмонон омода аст. Рангҳои дилписанд  ва масолеҳи  аз ҷиҳати экологӣ тоза дарҳол табъи касро болида мегардонанд. Мушовирони МегаФон фавран ба мизоҷон дар интихоби гаҷет ё тарофа,  бакордарорӣ  ва фаъолияти замимаи МегаФон Life ва дигар хизматгузориҳои рақамӣ мусоидат хоҳанд кард. Дарёфти  эко-толор хеле осон аст. Он дар рӯ ба рӯи маркази савдои “Баҳор”, ки бештари сокинони шаҳр ба он ҷо меоянд, ҷойгир шудааст.   Якчанд дақиқа аз "хизматрасонии  эко" баҳравар шуда, баъдан аз пайи корҳои худ рафтан мумкин аст.        

“Дар толорҳои нав ҳатто деворҳо барои муоширати гуворо мусоидат намуда, он ҷо ҳамеша бароҳат ва дилписанд  аст. Ҳадафи мо ин аст, ки муштариён аз хизматрасониҳои рақамии ширкат бо хушнудӣ истифода баранд. Бигзор сокинони шаҳр аллакай дар даромадгоҳи толорҳои  мо эҳсосоти мусбат пайдо намоянд!” – мегӯяд Директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов.       

Эко-толори нав дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то  17:00, рӯзҳои шанбе  – аз соати  8:00 то 14:00 кор мекунад. Якшанбе – рӯзи истироҳат.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2