МегаФон Тоҷикистон

Форуми ОИҲ: назари нави МегаФон Тоҷикистон ба HR ва идоракунӣ

  • Ширкат
2 боздид
Муҳлати мутолиа: 1 мин
Форуми ОИҲ: назари нави МегаФон Тоҷикистон ба HR ва идоракунӣ

Ба муносибати 25-солагии худ МегаФон Тоҷикистон нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунии “Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат” (ОИҲ)-ро баргузор хоҳад кард. Чорабинии бомиқёси байналмилалӣ намояндагони ширкатҳои пешбари Тоҷикистон ва брендҳои ҷаҳонии дар кишвари мо фаъолияткунандаро ба ҳам меорад.  Форум санаи 14 феврали соли 2026 дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ – 10:00.

Мавзӯи асосии форум – идоракунии сармояи одамӣ, рушди бренди HR, баландбардории фарҳанги корпоративӣ ва такмили HR-таҷрибаҳои муосир, ки имрӯзҳо такондиҳандаи асосии рушди устувори тиҷорат ба шумор мераванд. Форум имкон медиҳад, ки дарки системавии нақши HR ҳамчун функсияи стратегии тиҷорат ташаккул дода шуда, ҷузъҳои калидии EVP ва хусусиятҳои фарқкунандаи корфармо муайян карда шаванд.

Меҳмононро барномаи рангини якрӯзаи иборат аз муҳокимаҳои коршиносон, баррасии кейсҳои амалӣ, таҳлили бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳо барои нетворкинги касбӣ интизор аст. Дар чаҳорчӯбаи форум иштирокчиён барои гузаронидани озмоиши бренди HR, баҳогузории хавфҳо, гирифтани маълумот доир ба тарзи баҳогузорӣ шудани номзадҳо аз ҷониби корфармоён, ва дар натиҷа дастрас намудани нақшаи рушди HR-функсияҳо бо амалҳои пайдарпай барои се моҳи наздик ва тамоми соли 2026 имконият хоҳанд дошт.

“Калимаи “одамон” дар номи форум тасодуфан оварда нашудааст. Маҳз одамон – кормандон ва мизоҷон дороии аз ҳама муҳим ва арзишманди дилхоҳ ташкилот маҳсуб меёбанд. Итминон дорам, ки омӯзиши таҷрибаҳои беҳтарини идоракунӣ ва тамоюлҳои нав дар бренди HR ҳам барои тиҷорат ва ҳам барои намояндагони муассисаҳои давлатӣ муфид хоҳад хоҳад буд. Форуми ОИҲ – ин вақт ва макони равонасозии диққати асосӣ ба соли 2026 аст. Зимни он роҳу воситаҳои таҳкими мавқеъҳои пешсафӣ, ташкилкунии командаҳои пурзӯр, баландбардории самаранокии ташкилотҳо ва роҳҳои омодашавӣ ба мушкилиҳои бозори меҳнат ба таври дақиқ фаҳмида дарк карда мешаванд”, - мегӯяд Анна Жданова, директор оид ба ҳайати кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.

Чиптаҳои форум дар замимаи “МегаФон Life” бо нархи 210 сомонӣ ва дар сомонаи echipta.tj (бо нархи 300 сомонӣ) дастрас мебошанд.

Баромадкунандагони форум:

Максим Кузмин, роҳбари лоиҳаҳо оид ба тадқиқоти Happy Job (Россия);

Роман Шеховтсов, шарики стратегии employer-агентии брендингии makelove (Россия);

Анна Шилникова, роҳбари самти шарикии iSpring (Россия);

Анна Жданова, директор оид ба ҳайати кормандони МегаФон Тоҷикистон;

Акмалҷон Файзуллоев, директори генералӣ ва ҳаммуассиси Yora (Тоҷикистон);

Афсона Ниёзмамадова, роҳбари бахш оид ба омӯзиш ва рушди кормандони Алиф Бонк (Тоҷикистон).

Барандаи форум — Элмира Замалиева, роҳбари самти кор бо ҳайати кормандони Yandex Crowd.

Шарикони байналмилалии форум: Happy Job, iSpring.

Шарики стратегӣ: Yora.

Шарик: Ҳумо.

Ба форуми ОИҲ ҳамроҳ шавед ва дар муколамаи касбӣ оид ба ояндаи идоракунӣ ва HR дар Тоҷикистон иштирок намоед!

 

Маълумоти муфассал оид ба форум бо суроғаи: lid.megafon.tj


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2