Дар ВМКБ фестивали кӯдаконаи футбол баргузор мешавад Дар соли 2018 мусобиқаҳои “Оянда аз ту вобаста аст”, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон” барои тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо ташкил карда мешаванд, дар шакли нави фестивали варзишӣ доир хоҳанд шуд. Он дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ – гузаронида мешавад – маҳз дар ҳамин ҷой футболбозони ҷавоне, ки Тоҷикистонро дар даври ниҳоии чемпионати “Оянда аз ту вобаста аст” дар шаҳри Сочии Россия муаррифӣ хоҳанд кард, истиқомат ва таҳсил мекунанд. Мусобиқаи “Оянда аз ту вобаста аст” аз ҷониби “МегаФон” дар Тоҷикистон 8 сол паиҳам гузаронида мешавад. Дастаҳои қавитарини тоҷик дар даври байналмилалии ниҳоӣ, ки дар шаҳри Сочии Россия баргузор хоҳад шуд, иштирок менамоянд. Дар ин давр варзишгарон аллакай чандин бор ҷойҳои намоёнро ишғол намуда буданд. Дар соли 2011 бошад, кӯдакон аз Хуҷанд чемпиони мусобиқаҳо гардида, туҳфаи асосӣ – сафар ба шаҳри Лондонро ҷиҳати боздид аз клуби нодири “Арсенал” ба даст оварданд. Бо вуҷуди таърихи тӯлонӣ доштани лоиҳаи бузурги иҷтимоии ширкати “МегаФон” кӯдакон аз Бадахшони Кӯҳӣ танҳо чанде пеш ба он ҳамроҳ шуданд. Бинобар ин ташкилкунандагон қарор карданд, ки ба онҳо ҳуқуқи “расида гирифтан” ба рафиқон аз минтақаҳои дигари кишварро фароҳам оваранд. Аллакай дар моҳи апрел хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар шаҳри Сочӣ бо дастаҳои иборат аз ҳамсолонашон дар категорияи синну соли хурд (12-13 сола) қувваозмоӣ хоҳанд кард. Боз як дастаи тоҷики “Наврӯз” аз мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав дар рӯйдоди дигари васеъмиқёс – Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар байни кӯдакони ятим таҳти унвони “Оянда аз ту вобаста аст”, ки бори нахуст дар таърих баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард. Бозиҳои ЧҶ-и “кӯдакона” дар шаҳри Маскав дар арафаи Чемпионати FIFA ҷараён гирифта иштирокчиёни 22 кишварро ҷамъ меоварад. Ҳуқуқи иштирок дар ин мусобиқаҳои пурмасъулиятро “Наврӯз” дар соли гузашта, пас аз гирифтани нуқра дар даври ниҳоии Сочи пайдо карда буд. “Аҳамияти чемпионати кӯдаконро аз буд зиёд қадр намудан душвор аст. Барои онҳо ин на танҳо бозии дӯстдошта, балки инчунин имконияти дидани шаҳрҳо ва давлатҳои дигар, амалишавии орзуҳо, аз ҷумла орзуҳои вобаста ба касби варзишӣ ба шумор меравад. Яке аз иштирокчиёни мусобиқа аллакай дастаи касбии Хуҷандро пур намуд. Мутмаинам, ки дар оянда мо номҳои кӯдаконеро, ки ба худ боварӣ ҳосил карда дарк намуданд, ки оянда аз онҳо вобаста аст, маротибаҳои зиёд хоҳем шунид” – мегӯяд Директори иҷроияи Ширкати “МегаФон Тоҷикистон Анатолий ИЗЮМНИКОВ. “Ман бар он ақидаам, ки лоиҳаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” хеле муҳим аст: он муҳаббатро нисбати варзиш бедор намуда, кӯдакони аз парастории волидайн маҳрумро ба мубориза ҷиҳати бадастоварии пирӯзӣ ва ҳосил намудани боварӣ ба худ водор месозад. Ин барои ҳаёти ояндаи мустақил як оғози хубест”, - мегӯяд Дилшод НАЗАРОВ, Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. “Аллакай якчанд сол бозии иштирокчиёни мусобиқаро назорат карда сатҳи баланди қобилияти кӯдаконро бо чашмони худ мебинам. Бисёри онҳо метавонанд чун футболбозони хуби касбӣ ба воя бирасанд. Ба “МегаФон” барои кӯмак дар ҳалли вазифаи муҳим – ва маҳз пайдо ва дастгирӣ кардани онҳое, ки метавонанд ифтихори футболи тоҷик гарданд, самимона изҳори миннатдорӣ мекунам. Ба дастаҳоямон пирӯзиро – ҳам дар Сочи ва ҳам дар Маскав орзумандам!” – мегӯяд Директори лигаи футболи кӯдакон ва ҷавонони Тоҷикистон Увайдо ДАВЛВТБЕКОВ. Мусобиқа барои кӯдакони ятим пайваста инкишоф ёфта шаклҳо, макони баргузорӣ ва ҳатто логотипи худро иваз менамояд. Ҷузъи асосии визуалии он аломати нодири корпоративии “МегаФон” аст, ки аз се нуқтаи андозаашон баробар иборат буда, рамзи имкониятҳои бепоён аст ва нишони майдони футболро ба ёд меорад. Акнун сабки логотипи лоиҳаи флагмании иҷтимоии ширкат – мусобиқаҳои футболи “Оянда аз ту вобаста аст” ба сабке, ки таҳти бренди умумии “МегаФон” дар соли 2017 нав шуда буд, мувофиқ аст.
Дар ВМКБ фестивали кӯдаконаи футбол баргузор мешавад
18 боздид
Муҳлати мутолиа: 3 мин