МегаФон Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон қуллаи МегаФон кашф шудааст

5 боздид
Муҳлати мутолиа: 2 мин
Дар Тоҷикистон қуллаи МегаФон кашф шудааст

Яке аз қуллаҳои кӯҳии бе ном, ки дар наздикии осоишгоҳи лижаронии маъруфи «Сафед-Дара»-и ноҳияи Варзоб воқеъ аст, расман МегаФон Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Ҳамин тавр оператор ҷашни дарпешистода - 20-солагии фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд. Дар маросим намояндагони васоити ахбори оммаи пешрафтаи кишвар ва Русия иштирок доштанд.    

 Солҳои зиёд МегаФон Тоҷикистон ҳамчун оператори "баландкӯҳ" шуҳрат дорад. Ширкат аввалин шуда, дар минтақаҳои берун аз шаҳрҳои калон фаъолона бунёди шабакаҳоро оғоз намуд. Маҳз МегаФон соҳиби якчанд истгоҳҳои базавие мебошад, ки дар ИДМ аз рӯи баландӣ аз сатҳи баҳр рекорд гузоштаанд. Дар бисёр минтақаҳои кӯҳӣ то ҳол танҳо як воситаи алоқа - МегаФон Тоҷикистон мавҷуд аст. Аз ин рӯ, ба қуллаи кӯҳ гузошта шудани номи ширкат амали воқеан рамзӣ мебошад.

 Меҳмонони оператор имкон доштанд, ки худашон ба қуллаи Мегафон бароянд. Ҳар касе, ки соҳиби малакаи кӯҳнавардӣ буд, аз ин имконият истифода кард. Махсусан, сайёҳи машҳур Фарҳод Калонов, ки лоиҳаҳояшро чандин маротиба МегаФон Тоҷикистон дастгирӣ кардааст, ба қуллаи баландтарин баромад. Дар худи нишебии кӯҳ маросими ботантанаи ба қуллаи баланд супурдани номи ширкат, гузоштани лавҳаи хотиравӣ ва мондани капсула бо паём ба алоқачиёни баргузор гардид. Кушодани он баъди 20 сол, яъне соли 2041, пешбинӣ мешавад.

 

Барои меҳмононе, ки дар «Сафед-Дара» таваққуф карданд, барномаи махсус омода карда шуд. Ҳамин тавр, Дария Чижова аз Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳи давлатии Москва ва Кирилл Кривоешеев аз идораи рӯзномаи "Коммерсант" машғулияти омӯзишӣ барои ВАО баргузор карданд, онҳо дар бораи робитаи журналистика ва блогинг маълумот дода, тамоюлҳои охирини медиа- бозорҳоро муҳокима намуданд.  

 «Чорабинӣ воқеан ҳам идона буд, зеро фазои оилавӣ, кӯҳҳои боҳашамат як зебоии хосро фароҳам оварданд! Худи мақсади ташкили чорабинӣ посухро ба саволе дар бар мегирад, ки чӣ гуна МегаФон тавонист тӯли солҳои зиёд дар бозори телекоммуникатсионӣ пешсаф боқӣ бимонад. Тарзи фардии амал, таваҷҷуҳ ба талаботи муштарӣ, нигоҳи эҷодӣ ва ғайристандартӣ ба ҳама гуна масъалаҳо - ин рӯйхати нопурраи он чизест, ки ҳама дар вақти ид эҳсос мекарданд.

Ҳатто машғулияти омӯзишие, ки мо доир намудем, худ маърӯза набуда, балки дар он муоширати фаъол ва табодули таҷриба дида мешуданд. Ин хеле хуб аст, зеро маҳз дар форматҳои фаъол чизҳои нав ва дурахшон пайдо карда мешаванд!» – таассуроти худро иброз дошт Дарья ЧИЖОВА.

 Иштирокчиёни сафар инчунин тавонистанд сифати алоқаи қаҳрамони рӯзро бисанҷанд. Ҳамагон аз дастрасии баландсуръати Wi-Fi истифода бурда метавонистанд. Чуноне блогнавис Ёдгор Исломбеков муайян намуд, ҳатто дар болои қулла интернети 4G аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дастрас буд.

«Барои мо унвони «Қуллаи МегаФон Тоҷикистон» - рамзи пурмуҳтаво мебошад. Мо чандин сол аст, ки унвони фахрии оператори "баландкӯҳ" -ро соҳиб гардидем. Мо аввалин шуда, шабакаҳои стандарти гуногун, аз 3G то 5G, ва дигар навовариҳои телекоммуникатсиониро, ки то ҳол дар кишварҳои ИДМ дида нашудаанд, ҷорӣ намудем. Чунин рӯйдодҳо барои мо қуллаҳои касбӣ маҳсуб меёбанд. Тавре Владимир Высоцкий месуруд, «Аз кӯҳҳо беҳтар танҳо ҳамон кӯҳҳое буда метавонанд, ки то ҳол онҳоро фатҳ накардаам». Таърихи бистсола танҳо ибтидост. Барои мо ҷаҳиши навбатӣ «ба пеш ва боло» оғоз меёбад. Акнун мо феълан уҳдадорем, ки сатҳи худро бо корномаҳо ва дастовардҳои нав тасдиқ намоем!» – дар ҷамъбасти чорабинӣ гуфт Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2