МегаФон Тоҷикистон

Дар Хоруғ мавсими лигаи волейбол ба охир расид

2 боздид
Муҳлати мутолиа: 1 мин
Дар Хоруғ мавсими лигаи волейбол ба охир расид

Дар ВМКБ бозиҳои лигаи волейболи Бадахшон ба поён расиданд. Дар даври ниҳоӣ дастаи Хоруғ сазовори ҷойи аввал гардид. Дар тӯли мавсими соли 2025 волейболбозони минтақа маҳз аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дастгирӣ карда шуданд. 

Дар соли ҷорӣ 12 даста барои унвони қаҳрамонӣ мубориза бурда, ба даври нимниҳоӣ намояндагони Хоруғ, Роштқалъа, Сучон (ноҳияи Шуғнон) ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ роҳ ёфтанд. Бозиҳои ҳалкунанда моҳи декабр баргузор шуданд, бозии ниҳоӣ бошад, яке аз рӯйдодҳои барҷастаи варзишие гардид, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интизораш буданд.

Дар доираи ёддошти ҳамкорӣ бо Федератсияи волейболи ВМКБ "МегаФон Тоҷикистон" дар тӯли тамоми мавсим ба ҳайси шарики мусобиқа баромад намуд. Ташкили бозии ниҳоӣ ва маросими хотимаёбӣ ҳамчунин ба зиммаи ширкат вогузор шуда буд. Намояндагони Федератсияи волейболи ВМКБ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ меҳмонони фахрии даври ниҳоӣ буданд. 

Дар мавсими соли 2025 дастаи Хоруғ ғолиб омада, мусобиқаи ниҳоиро бо дастаи Сучон бо ҳисоби 3:1 хотима бахшид. Тӯли тамоми мусобиқаҳо қаҳрамонон бозии устувор нишон доданд ва бо боварӣ ба ҷои аввал баромаданд. 

"Мо бо камоли хушнудӣ лоиҳаҳоеро, ки ҷавононро илҳом мебахшанд, одамонро муттаҳид месозанд ва ба рушди варзиш дар ВМКБ мусоидат мекунанд, дастгирӣ менамоем. Даври ниҳоии лигаи волейбол барои минтақа як рӯйдоди муҳим буд. Барои мо муҳим аст, ки дар ҳама марҳилаҳои чунин ташаббусҳо ҳузур дошта бошем," қайд намуд директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим Саданшоев.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2