МегаФон Точикистон дар чаласаи Комиссияи Иттиходи минтакави дар сохаи алока (ИМА) иштирок намуд. Мулокоти байналмилали ба баррасии роххои ракамикунонии иктисодиёти Точикистон ва трендхои рушди сохаи телеком имконият фарохам овард.
ИМА он давлатҳои Авруосиёро муттаҳид менамояд, ки дар рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи алоқа манфиатдор ҳастанд. Ҷаласаҳои Комиссияи ИМА дар ҳудуди кишварҳои иштирокчӣ ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд, дар соли 2025 он дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар пойтахти Тоҷикистон иштирокчиён аз 19 кишвар ва намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) ҷамъ омаданд. Дар доираи чорабинӣ мавзӯи батанзимдарории доираи радиобасомадҳо ва мадори радифӣ, форуми “Тағйирёбии рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал” ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Дар Тоҷикистон “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо” оғоз ёфтанд, бинобар ин иштирок дар чунин сатҳ чорабиниҳои соҳавӣ ниҳоят муҳим аст. Ба воситаи онҳо мо имкон пайдо менамоем, ки сатҳи худро бо ҳамкорон аз кишварҳои дигар муқоиса намуда, доир ба дастоварҳои худ маълумот расонем. Дар соҳаи телеком муваффақияти дилхоҳ давлат аз ҷумла аз ҳамгироии он ба иқтисоди ҷаҳонӣ, аз паҳншавии озоди технологияҳои пешрафта вобастагӣ дорад. ИМА ба таври самаранок вазифаҳои ҳамкориро ба манфиати ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ ба иҷро мерасонад”, - қайд намуд директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.
МегаФон Тоҷикистон ҳамчун яке аз иштирокчиёни пешсафи рақамикунонӣ дар ҷумҳурӣ мунтазам дар чорабиниҳои ИМА иштирок менамояд. Саҳми оператор дар рушди соҳаи телекоммуникатсияи минтақаи Осиёи Марказӣ чандин маротибаҳо дар сатҳи байналмилалӣ қайд гардида буд. Хамин тавр, дар соли 2022 Анатолий Изюмников бо медали ИМА ва дар соли 2023 бо диплом барои фаъолияти самараноки бисёрсола дар Иттиход кадрдони гардида буд.