МегаФон Тоҷикистон

Cитораҳо, бозиҳо, технологияҳои баланд: МегаФон Тоҷикистон ба фестивали калони ҷавонон даъват менамояд

4 боздид
Муҳлати мутолиа: 1 мин
Cитораҳо, бозиҳо, технологияҳои баланд: МегаФон Тоҷикистон ба фестивали калони ҷавонон даъват менамояд

Рӯзи 3 октябр дар шаҳри Душанбе дар "Наврӯзгоҳ" (Ипподром) фестивали МегаФон Life Fest бахшида ба 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 20-солагии ширкати МегаФон Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин чорабинии бошукӯҳро ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки моҳи сентябр 20-умин солгарди фаъолияти худро дар кишвар ҷашн мегирад, ташкил намуд. Меҳмонони чорабиниро ҳунарнамоии ситораҳои эстрада, майдонҳои варзишӣ ва бозиҳо, барномаи дронҳо, шиносоӣ бо технологияҳои баланд ва бисёр дилхушиҳои дигар интизоранд.          

 

“Якбора ду ҷашнвора - беҳтарин сабаб барои ба сокинони Тоҷикистон тақдим кардани чунин чорабинии хотирмон мебошад. Мо кӯшиш кардем барномаи фестивалро тавре таҳия намоем, ки дар он ҳар кас барои худ чизи ҷолибе пайдо кунад. Барои дӯстдорони рақс ва бозиҳои видеоӣ, санъати муосир ва ҳаҷв дар жанри стендап майдончаҳо фароҳам оварда мешаванд. Метавонед бо блогерҳои номдор шинос шуда, сурудҳои ситораҳои машҳурро, ба монанди Ҷаҳ Халиб, гӯш кунед. Ҳамаро барои вақтгузаронии хуш ва бозиву хурсандӣ даъват менамоем!” – мегӯяд Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.    

 

MeгаФон Life Фест рӯзи 3 октябр аз соати 10:00 то 22:00 дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт (Ипподром) баргузор мегардад. Чиптаҳоро барои фестивал тавассути замимаи мобилии ройгони «MeгаФон LIFE» харидан мумкин аст. Нархи чиптаи оддӣ - 80 сомонӣ, чипта бо дастрасӣ ба минтақаи мухлисон дар наздикии саҳнаи асосӣ - 120 сомонӣ мебошад. Ҳангоми харид, муштариёни MeгаФон кешбэк ба андозаи 20% ба даст меоранд. Кӯдакони то 10-сола ройгон ворид мешаванд.

 

Барномаи муфассали фестивал – дар lifefest.megafon.tj [ https://lifefest.megafon.tj/ ]

Рӯзи 3 октябр дар “Наврӯзгоҳ” (Ипподром) вомехӯрем!


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2