Маблағи зиёда аз 250 намуди хизматрасониҳои давлатиро истифодабарандагони замимаи мобилии "МегаФон Life" онлайн пардохт карда метавонанд. Функсияҳои он дар доираи татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаштан ба пардохти ғайринақдии ҳамаи хизматрасониҳои давлатӣ ва таъмини имкониятҳои қулай барои шаҳрвандон васеъ гардонида шуданд.
Барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ, дар қисми "Ҳамён"-и замимаи «МегаФон Life» аввал сатри "Ҳамаи пардохтҳо" ва баъдан "Хизматрасониҳои давлатӣ" -ро интихоб кардан лозим аст. Дар ин сатр бояд хизматрасонии лозимӣ интихоб гардида, РМА-и худ, маблағ ворид ва пардохт карда шавад. Маблағҳо аз корти бонкии ба замима вобасташуда ё аз тавозуни ҳамёни мобилӣ гирифта мешаванд.
Ба системаи пардохтҳои электронии хизматрасониҳои давлатӣ тамоми идораҳое, ки ба аҳолӣ хизматрасониҳоро пешниҳод менамоянд, пайваст карда шудаанд. Ба теъдоди онҳо - вазоратҳои адлия, мудофиа, молия, фарҳанг, рушди иқтисод ва савдо, ВКХ ва ВКД, Хадамоти гумрук, Кумитаи андоз, Тоҷикстандарт, Агентии омор дохиланд.
Шумораи умумии намудҳои хизматрасониҳои давлатие, ки дар замимаи «МегаФон Life» пардохт карда мешаванд, аз 250-то зиёд аст. Масалан, дар он пардохти ҷаримаҳои БДА, экспертизаҳо, ҳамаи намуди андозҳо, аз ҷумла андоз аз амволи ғайриманқул ва даромад, хизматрасониҳои суд, боҷи давлатӣ барои шиносномаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, бақайдгирии ақди никоҳ ва таваллуд, муқаррар кардани падарӣ, гирифтани раводид, бақайдгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ имконият дорад.
Функсияи нави замима раванди ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ қулайтар, зудтар ва бехавфтар мегардонад. Истифодабарандагон аз зарурати рафтан ба хазинаҳои бонкӣ ва навбатпоӣ озод мешаванд.
Сокинони кишвар аз 1 август ба пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ танҳо бо кортҳои бонкӣ ё ҳамёнҳои электронӣ оғоз намуданд. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон», дар сафи аввалинҳо, ба шаҳрвандони кишвар чунин имкониятро пешниҳод намуд.
Боргирӣ ва бакордарории замимаи «МегаФон Life» барои дастгоҳҳои дорои СА Android тариқи суроғаи: https://life.tj/megafon-life.apk [ https://life.tj/megafon-life.apk ] имконпазир аст. Инчунин, аз сомонаи www.life.tj [ http://www.life.tj/ ] истифода бурда метавонед.
