МегаФон Тоҷикистон

Бо «МегаФон Life» меҳмонони Фестивали ғизо ва мусиқӣ осонтар ва...... камтар пардохт менамоянд!

Муҳлати мутолиа: 1 мин
Бо «МегаФон Life» меҳмонони Фестивали ғизо ва мусиқӣ осонтар ва...... камтар пардохт менамоянд!

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳамкори Фестивали ғизо ва мусиқӣ гардид, ки он 21-22 сентябр дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт баргузор мешавад. Меҳмонони ин чорабинии азими фарҳангӣ хариди худро бо ёрии “Ҳамён” дар замимаи мобилии «МегаФон Life» пардохт карда метавонанд. Чиптаҳоро тавассути замима аллакай ҳозир бо тахфифи 15% харидорӣ кардан мумкин аст.

 

Барои хариди чиптаҳо тавассути замимаи «МегаФон Life», истифодабаранда бояд дар “Ҳамён” ба фасли “Пардохти хизматрасониҳо” даромада, қисмати “Фестивали ғизо ва мусиқӣ”-ро пайдо кунад ва рӯзи ташрифи худро дар он интихоб намояд. Дар ин сурат арзиши чипта на 60 сомонӣ, балки 51 сомониро ташкил медиҳад. Баъд аз пардохт ба муштарӣ SMS-паёмак бо ID-рақами ягона ворид мегардад, ки он бояд дар даромадгоҳ нишон дода шавад. Рақам танҳо як маротиба амал мекунад ва аз лиҳози бехатарӣ набояд ба бегонагон хабар дода шавад.

 

Ҳангоми ширкат дар Фестивали ғизо ва мусиқӣ низ “Ҳамён”-и «МегаФон Life», хусусан дар фудкорт бо фарогирии зиёда аз 30 қаҳвахона ва тарабхонаҳо, ба кор меояд.   Ба ғайр аз қисмати тановул, меҳмонони фестивалро татбиқи маҳорати таббохӣ, машғулиятҳои инкишофдиҳанда барои кӯдакон ва консерт бо иштироки меҳмонони шуҳратманд, ба монанди дастаи созу навои “Ялла” ва намояндаи санъати рус «Black Star» Мот, интизоранд.  

 

«Хизматрасониҳои муосири рақамӣ ҳаёти моро, махсусан бо муттаҳидкунии якчанд вазифаи муфид, тадриҷан қулайтар мегардонанд. Чунончи, бо «МегаФон Life» хариди чиптаҳо бо тахфиф, пардохти хӯроки шом дар қаҳвахона ё ирсоли расми фестивал ба дӯстон дар мессенҷер имконпазир мебошанд. Боварӣ дорам, ки ба шарофати ҳамкории мо иштирокчиёни фестивал ҳиссиёти бештари мусбат пайдо мекунанд! – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2