МегаФон Тоҷикистон

Бастаҳои ҳаррӯза барои дар алоқа мондан кӯмак мекунанд

  • Ширкат
  • Хизматрасониҳо
2 боздид
Муҳлати хондан: 5 мин
Бастаҳои ҳаррӯза барои дар алоқа мондан кӯмак мекунанд

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имконияти истифодаи бастаҳои ҳаррӯзаро васеъ менамояд. Ин бастаҳо ба муштариён имкон медиҳанд, ки ҳатто дар сурати сари вақт насупоридани пардохти абонентии ҳармоҳа низ аз хизматрасониҳои алоқа истифода баранд. Акнун хизматрасонӣ дар тарофаи “Биё! Бисоз Life” дастрас гардид.

Бастаи ҳаррӯза ҳангоми фаро расидани муҳлати гирифтани пардохти абонентии ҳармоҳа, агар дар ҳисоби муштарӣ маблағи кофӣ барои пардохти тарофа мавҷуд набошад, пайваст карда мешавад. Ин имконияти муваққатӣ ба муштарӣ имкон медиҳад, ки то замони пайдо шудани маблағи кофӣ барои пардохти тарофаи моҳона аз хизматрасониҳои маъмулии алоқа истифода барад. Минбаъд бастаҳои ҳаррӯза то замоне фаъол карда мешаванд, ки дар ҳисоби муштарӣ барои гирифтани пардохти абонентии ҳармоҳа маблағи кофӣ пайдо гардад. Агар маблағи ҳисоб барои пардохти бастаи ҳаррӯза низ нокифоя бошад, пешниҳоди хизматрасониҳои алоқа қатъ мегардад. Барои барқарор намудани имконияти исифодаи алоқа, пуркунии тавозун ба маблағи барои пардохти ҳаққи тарофаи моҳона кофӣ зарур аст.

Бастаи ҳаррӯза зангҳои бемаҳдуд ба муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, дақиқаҳо барои зангҳо ба дигар шабакаҳои ҶТ, бастаи трафики интернет ва SMS-ро (дар сурати пешбинӣ шудани онҳо дар бастаи моҳона) дар бар мегирад. Ҳаҷми дақиқаҳо, мегабайтҳо ва SMS ба 1/30 ҳиссаи ҳаҷми хизматрасониҳои дар тарофаи асосӣ пешбинишуда баробар аст. Арзиши бастаҳои ҳаррӯза инчунин аз тарофаи асосӣ вобаста мебошад.

Бастаҳои ҳаррӯза тобистони соли 2026 барои муштариёни тарофаи “Биё! Бисоз 2.0” ҷорӣ гардиданд. Бо назардошти қулай будани бастаҳои ҳаррӯза, аз 2 ноябр имконияти истифодаи онҳо акнун барои муштариёни тарофаи “Биё! Бисоз Life” низ дастрас мегардад.

Муфассалтар дар бораи хизматрасонӣ – дар сомонаи ширкат.


© 2026 ҶСП «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев 73/2