МегаФон Тоҷикистон

Бастаҳои интернетӣ муфидтар мешаванд

Муҳлати мутолиа: 3 мин
Бастаҳои интернетӣ муфидтар мешаванд

Дар арафаи Соли нав ширкати «МегаФон Тоҷикистон» силсилаи бастаҳои интернетиро нав мекунад. Онҳо - "Light", "Active", "PRO" ва "Ultra" ном дошта, интихоби варианти барои муштарӣ лозимиро осонтар мекунанд. Афзалияти асосии бастаҳои нав - таносуби мусоиди нарх ва ҳаҷми трафик дар муқоиса бо пешниҳодҳои қаблии оператор маҳсуб меёбад.          

Аз "осон" то бемаҳдуди "ултра" барои муштариёни нав ва истифодабарандагони фаъол, инчунин барои онҳое, ки дастрасии мобилӣ ҷиҳати фаъолияташон зарурат дорад.    Ин аст доираи имкониятҳои. Муштарӣ бастаи муайянро дар асоси ниёзҳои шахсии худ ва истифодаи ҳаррӯзаи интернет пайваст мекунад.  

Бастаҳои силсилаи "Light" аз 1 то 5 ГБ трафикро дар бар мегиранд. Агар ин кофӣ набошад, ҳаҷми иловагиро, яъне боз 1 000 Мб бо нархи 15 сомонӣ пайваст кардан мумкин аст.       

Имконияти шабеҳ барои бастаҳои силсилаи " Active " бо ҳаҷми трафики ҳаррӯза бо суръатҳои баландтарин пешбинӣ шудааст, ки инро истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ қадр менамоянд. Бо пардохти ҳармоҳа, дар рӯзи муайян ва тибқи зарурат трафикро зиёд кардан мумкин аст. Чунин пайвасткуниҳои якдафъаинаи бастаҳои иловагӣ аз 2,5 то 5 сомонӣ арзиш доранд.   

Бастаҳои "PRO" барои онҳое пешбинӣ шудаанд, ки пайваста дар интернет қарор доранд. Рӯзона трафикро барои кор истифода бурдан мумкин аст ва дар сурати истифода "барои эҳтиёҷоти шахсии худ" дастрасии шабона бе маҳдудият (аз нисфи шаб то соати 6:59 пагоҳӣ) вуҷуд дорад. Дар бастаи "баландтарини" ин силсила дастрасии бемаҳдуд ба www.youtube.com [ http://www.youtube.com/ ] пешниҳод карда мешавад.     

Барои муштариёне, ки ба суръати максималии интернет таваҷҷуҳ доранд, масалан барои тамошои филмҳо, оператор бастаҳои силсилаи "Ultra"-ро таҳия намудааст. Ин аллакай белимити шабонарӯзӣ маҳсуб меёбад.

“Мо мунтазам назорат мебарем, ки афзалиятҳои муштариён чӣ гуна тағйир меёбанд, онҳо аз интернет то чӣ андоза зуд ва дар кадом ҳаҷм истифода мебаранд. Бастаҳои нав ҳам аз ҷиҳати миқдори трафик ва ҳам аз ҷиҳати нарх ба талаботи имрӯза ҳарчи бештар мувофиқ карда шуданд.   Ҳамин тавр, акнун шумо метавонед 1 ГБ-ро бо нархи 20 сомонӣ пайваст кунед, ҳол он ки пештар ҳамон ҳаҷми тахминан ду баробар гарон буд.   Ман боварӣ дорам, ки муштариёни рақамии мо навгониҳои муфидро аллакай дар моҳи декабр баҳо медиҳанд”, – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати   «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.        

Шартҳои асосии бастаҳои навро дар ҷадвали зерин дидан мумкин аст    

Баста

Трафики интернет

Нарх (бо назардошти ААИ ва аксиз)

«Light 1»

1 000 Мб

20 сомонӣ

«Light 3»

3 000 Мб

40 сомонӣ

«Light 5»

5 000 Мб

70 сомонӣ

«+1000 Мб» (бастаи иловагӣ)

1 000 Мб

15 сомонӣ

«Active 1»

100 Мб ҳаррӯза

(суръат баъд аз тамомшавии трафик – то 128 Кбит/с)

60 сомонӣ

«Active 2»

200 Мб ҳаррӯза

(суръат баъд аз тамомшавии трафик – то 128 Кбит/с)

90 сомонӣ

«Active 100+»

(бастаи иловагӣ )

100 Мб

2,5 сомонӣ

«Active 300+»

(бастаи иловагӣ)

300 Мб

5 сомонӣ

«PRO 10»

10 000 Мб (+Белимити шабона)

100 сомонӣ

«PRO 25»

25 000 Мб Мб (+Белимити шабона)

200 сомонӣ

«PRO 50»

50 000 Мб (+Белимити шабона ва Дастрасии бемаҳдуд ба Youtube)

350 сомонӣ

«Ultra 1»

Бемаҳдуд бо суръати то 1 Мбит/с

300 сомонӣ

«Ultra 2»

Бемаҳдуд бо суръати то 2 Мбит/с

500 сомонӣ

Муфассалтар дар бораи бастаҳои интернетии нав – дар сомонаи: https://megafon.tj/ [ https://megafon.tj/ ]


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2