МегаФон Тоҷикистон аз Бонки миллии Тоҷикистон барои дастгирии моҳи саводнокии молиявии Global Money Week дар соли 2021 сипоснома ба даст овард. Ба шарофати иштироки Digital-шарик, лоиҳа воқеан оммавӣ гардид: танҳо озмуни эҷодӣ барои кӯдакон ва ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 1 000 000 истифодабарандаро фаро гирифт.
«МегаФон Тоҷикистон аз лаҳзаи ҳамроҳшавии ҷумҳурии мо ба лоиҳаи глобалӣ барномаи Global Money Week-ро дастгирӣ мекунад. Мо, ҳамчун ташкилкунандагони чорабиниҳои GMW дар Тоҷикистон, ба оператор барои хизматрасониҳои дар доираи ин лоиҳа пешниҳодшуда изҳори миннатдории самимӣ мекунем. Алоқаи боэътимоди MegaFon имкон медиҳад, ки донишҳои молиявӣ дар байни доираи васеи аҳолии кишвар паҳн карда шаванд», – қайд кард роҳбари шуъбаи саводнокии молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродалиев.
МегаФон Тоҷикистон ҳамчун Digital-шарики моҳи саводнокии молиявӣ ба ташкилкунандагон интернети мобилӣ ва таҷҳизотро бо бастаи пайвастшудаи трафик пешкаш кард. Ба шарофати ин, мактаббачагон ва донишҷӯён аз саросари кишвар метавонистанд корҳои озмунии худро тариқи паёмрасонҳои Viber, WhatsApp ва Telegram фиристанд. Дар овоздиҳии интернетӣ оид ба маҳсули меҳнати финалистон 10 000 истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок намуда, шумораи онҳо аз 1 миллион нафар гузашт.
«Ташаккур ба Бонки миллии Тоҷикистон барои баҳои баланд ба натиҷаҳои саҳмгузории мо дар Global Money Week-2021 ва сифати хизматрасониҳои ширкат! Мо низ дар паҳн кардани саводнокии молиявӣ манфиатдор ҳастем. Ин аст, ки мо самти FinTech-ро таҳия карда, усулҳои қулай ва бехатари пардохтҳои ғайринақдиро пешниҳод менамоем. Шаҳрвандони мамлакати мо онҳоро аз хурдӣ азхуд карда, воқеан дар ҷои дилхоҳ бисёр масъалаҳои молиявиро ҳал карда метавонанд.» – мегӯяд Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.