МегаФон Тоҷикистон

Ба кайҳон – ҳамроҳи интернет аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон”

Муҳлати мутолиа: 2 мин
Ба кайҳон – ҳамроҳи интернет аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон”

Ба кайҳон – ҳамроҳи интернет аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон”

Баландии мадори истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ – наздики 400 километрро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, дар он интернет фаъол буда, кайҳоннавардони давлатҳои гуногун аз микроблогҳо ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ озодона истифода мебаранд. Дар рӯзи кайҳоннавардӣ муштариёни “МегаФон Тоҷикистон” ҳатто дар навоҳии дурдаст имкон пайдо мекунанд, ки тариқи онлайн рӯйдодҳои дар ИБК баамалояндаро назорат кунанд. Суръати интернети мобилӣ барои ин ҳолат хеле мусоид аст.

Дар оғози соли 2018 корҳои назаррас оид ба васеъкунӣ ва муосиркунонии шабака дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон оғоз ёфтанд. Ҳамин тариқ, дар зиёда аз 50 истгоҳҳои базавии 3G таҷҳизоти нав насб карда шудаанд. Чунин тағйирот ба 500 000 сокинон имкон доданд, ки интернетро бо сурътҳои баландтарин истифода баранд.

Дар ҷараёни муосиркунонӣ мутахассисони техникӣ диққати махсусро ба баландбардории эътимоднокӣ ва сифати алоқа дар нуқтаҳои сераҳолӣ равона карданд. Ҳамин тариқ, дар шаҳрҳои Кулоб, Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Хуҷанд, Бӯстон, инчунин ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Қубодиён, Вахш, Шаҳритуз, Варзоб, Ҷиргатол, Рашт, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод, Шаҳринав, Шаҳристон, Истаравшан, Спитамен ва Ҷаббор Расулов сатҳу сифати шабака баланд бардошта шуд. Ба ғайр аз ин, истгоҳҳои нави насли сеюм ба кор дароварда шуда, онҳо имкон доданд, ки зиёда аз 50 000 сокинони ҷамоати Холдорқипчоқи ноҳияи Шаҳристон ва ҷамоати Туққузчалаки ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд бо дастрасии мобилӣ таъмин карда шаванд.

“Алоқа аз ту оғоз меёбад. Бо инкишофи шабака мо аз ҷумла вазифаи муҳимми иҷтимоиро ба иҷро мерасонем. Сокинони нуқтаҳои хурди аҳолинишин ба манбаъҳои глобалии иттилоотӣ: хабарҳои тозатарин, онлайн-китобхонаҳо, сомонаҳои таҳсили фосилавӣ дастрасии осон ва босифатро ба даст оварда, имкон пайдо мекунанд, ки ба саҳифаҳои кайҳоннавардон обуна шуда, аз ҳодисаҳои “кайҳонӣ” дар реҷаи вақти воқеӣ бохабар бошанд. Бо технологияҳои муосир кайҳон наздиктар мешавад!” – қайд намуд директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ. – Аз оғози соли 2018 дар бисёри истгоҳҳои базавӣ корҳо оид ба васеъкунии минтақаи фарогирӣ бурда шуда, бо ин мақсад бахшҳои иловагӣ ба кор оғоз карданд. Барои мо муҳим аст, ки ба муштариёнамон алоқаи босифатро дастрас гардонида ба ин васила фаъолияти истгоҳҳои базавиамонро беҳтар намоем, сарбориро кам кунему суръати таҳвили маълумотро баланд бардорем”.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2