МегаФон Тоҷикистон

Ба дӯстатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!

  • Ширкат
  • Маслиҳатҳо
2 боздид
Муҳлати мутолиа: 1 мин
Ба дӯстатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!

Занг задан дар дохили шабака ҳамеша муфидтар аст. Аммо чӣ бояд кард, агар муштарӣ зуд-зуд ба рақами оператори дигар занг занад? Роҳҳалро МегаФон Тоҷикистон пешниҳод кард. Иштирокчиёни иқдоми нав барои истифодаи проморамз ҷиҳати пайвасткунии рақами телефонӣ, ки ба рақами дӯсташон хеле монанд аст, даъват карда мешаванд. Иловаи гуворо туҳфаҳо хоҳанд буд - то 20 000 МБ трафики интернет ва рақами қиматбаҳо.

Интихоби пешниҳодҳои фардӣ аз рӯи иқдоми “Дӯстатро биёр” ба таври автоматӣ сурат мегирад. Ҳамин ки дар махзани рақамҳои озод комбинатсияи рақамҳое, ки ба рақамҳои даъватҳои зуд-зуд анҷомёбандаи муштарӣ монанд ҳастанд, пайдо мешаванд, ба ӯ SMS бо проморамз ворид мегардад. Ин рамзро ба дигар шахс барои бақайдгирӣ дар шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ирсол кардан мумкин аст. Дар натиҷа дӯст ё хешованд низ муштарии ширкат гардида, ҳамсуҳбатони доимӣ метавонанд дар дохили шабака зангҳои бемаҳдуд анҷом диҳанд. Комбинатсияи рақамҳои шабеҳи махсус интихобшуда бошад дар хотир нигоҳ доштани рақами навро осонтар мекунад.

Барои истифодаи алоқа муштарии нави оператор тарофаи аз рӯи арзиш ва таркиби бастаи хизматрасониҳо барояш муносибро интихоб мекунад. Вобаста ба арзиши тарофа иштирокчии иқдом соҳиби трафики туҳфавӣ мегардад. Онро давоми 30 шабонарӯз истифода бурдан мумкин аст. Агар пардохти ҳармоҳа барои алоқа то 100 сомониро ташкил диҳад, 5 000 Мб ба таври ройгон пешниҳод мегардад. Агар арзиши тарофа аз 101 то 199 сомонӣ бошад – 10 000 Мб. Ҳангоми пайвасткунии тарофа аз 200 сомонӣ ва зиёдтар – 20 000 Мб.

Муштарие, ки барои иштирок дар иқдоми “Дӯстатро биёр” даъват шудааст, инчунин метавонад ба таври ройгон рақами зебои “қиматбаҳо”-ро ҳатто то категорияи “Тилло 500” интихоб намояд. Агар рақами гаронтарро мехоҳед, пайвасткунӣ пулакӣ буда, вале SMS бо даъват барои иштирок низ дар ин ҳолат – ҷиҳати ба даст овардани тахфиф ба кор меояд. Рақами қиматбаҳоро метавонад дар дасти худаш нигоҳ дорад ё ба дӯсташ, ки ӯро муштарӣ ба шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” даъват менамояд, туҳфа кунад.

Проморамзи SMS бояд давоми 30 шабонарӯз аз лаҳзаи гирифтани паёмак истифода бурда шавад. Агар муштарӣ барои иштирок дар иқдом даъват нашудааст, ӯ низ метавонад барои интихоби рақам бо комбинатсияи рақамҳои барояш лозимӣ дархост гузорад. Аммо дар ин ҳолат трафики интернети туҳфавӣ ва имконияти пайвасткунии ройгони рақами зебо пешниҳод карда намешаванд.

Оё SMS бо даъват омад? Табрик – шумо метавонед бо дӯстатон бо манфиат муошират намоед, ба ӯ бастаи бузурги трафики интернет, барои худатон бошад – рақами зебои мақомнокро туҳфа намоед!

Маълумоти муфассалро дар бораи иқдоми “Дӯстатро биёр” дар наздиктарин идораи хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” гирифтан мумкин аст.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2