МегаФон Тоҷикистон

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ

  • Ширкат
  • Хизматрасониҳо
  • Аксияҳо
16 боздид
Муҳлати хондан: 1 мин
Алоқа  барои донишҷӯён:  интернет ва дақиқаҳои зиёд бо  50 сомонӣ дар як моҳ

Дар остонаи  соли нави таҳсил, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” як иқдоми  муфидро барои ҷавонон роҳандозӣ намудааст. Бо пайваст  шудан ба он, муштариёни аз сини 16 то 24-сола муддати шаш моҳ аз алоқа бо шартҳои  махсусан мусоид,  бо нархи 50 сомонӣ дар як моҳ, истифода мебаранд. Танҳо  муштариёни нави МегаФон Тоҷикистон  мутобиқи шартҳои иқдом пайваст шуда метавонанд. Иқдоми мазкур то санаи 31 октябри соли 2026 сол, амал менамояд..    

"Донишҷӯ" – бастаи хизматрасониҳои  барои ҷавонон  муносиб мебошад.  Он 36 ГБ интернет, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон”  ва 500 дақиқа зангҳо ба дигар шабакаҳо дар ҶТ, интернети шабона аз соати 00:00 то 06:59 бе маҳдудияти  суръат ва трафик, инчунин  онлайн-кинотеатрҳои  IVI ва OILA TV-ро дар бар мегирад.

"Барои ҷавонон сарфаи пул  ҳангоми интихоби оператори алоқа аксар вақт аҳамияти муҳим дорад.   Ин иқдом  ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки ҳамагӣ  50 сомонӣ барои шаш моҳ пардохт карда, ба  дарсҳо тайёр шаванд,  бо аҳли хонаводаашон дар тамос бошанд  ва бо дӯстон тавассути  шабакаҳои иҷтимоӣ, бе нигаронӣ аз сарфи ҳаҷми хизматрасониҳои алоқа,  муошират намоянд" - шарҳ медиҳад Директори генералии ширкати "МегаФон Тоҷикистон" Анатолий Изюмников.

То санаи 31 октябри соли 2026, дохилан, дар дилхоҳмарказҳои хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”  иштирокчии  иқдоми "Донишҷӯ" шудан мумкин аст.  Барои тасдиқи синну сол  ва имзокунии шартнома,   бояд бо худ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дошта бошед.

Алоқаи  муфид барои ҷавонон!


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2