МегаФон Тоҷикистон

Алоқа баландиро фатҳ мекунад

  • Ширкат
3 боздид
Муҳлати мутолиа: 2 мин
Алоқа баландиро фатҳ мекунад

Дар доманакӯҳҳои ноҳияи Данғара мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор шуданд. МегаФон Тоҷикистон иштирокчиён ва ташкилкунандагонро бо алоқаи боэътимоди мобилӣ ва интернети босуръат таъмин намуд, ки ин шарти муҳими баргузории бомуваффақонаи чорабинӣ гардид.

 

Ин рӯйдоди бузурги вазрзишӣ аз 25 апрел то 4 май дар доираи татбиқи сиёсати “дарҳои боз” баргузор шуда, ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Мусобиқаҳо зиёда аз сад варзишгар ва сайёҳро аз Тоҷикистон, инчунин иштирокчиёни хориҷӣ аз Қазоқистон, Россия, ИМА, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо, намояндагони корпуси дипломатиро муттаҳид намуда, тавассути ВАО-и ватанию хориҷӣ ба таври васеъ инъикос ёфтанд.

Хусусияти хоси мусобиқаҳо дар шароитҳои экстремалӣ ифода меёфт: варзишгарон ба баландии то 3-4 ҳазор метр баромада, масофаҳои то 100 километрро тай карданд. Мавҷудияти алоқаи устувор ва интернет на танҳо барои ҳузуру ҳаловати иштирокчиён, балки барои ҳамоҳангсозии парвозҳо ва таъмини бехатарӣ омили муҳим гардид.

“Мо мунтазам лоиҳаҳоеро дастгирӣ мекунем, ки обрӯю нуфузи байналмилалии кишвари моро таҳким бахшида, ба рушди сайёҳии варзишӣ мусоидат менамоянд. Барои таъмини алоқаи устувор дар макони баргузории мусобиқаҳо пойгоҳи базавии мобилӣ ҷойгир карда шуд. Инчунин нуқтаҳои таблиғотӣ фаъолият доштанд, ки дар онҳо иштирокчиён ва меҳмонон тавонистанд бо хизматрасониҳои ширкат шинос шаванд. Дар шароити баландкӯҳ ниҳоят муҳим аст, ки алоқа боэътимоду дастрас бимонад”, - мегӯяд Комрон Кенҷаев, директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон.

Ба сифати ташкилкунандаи мусобиқаҳо Корхонаи воҳиди давлатии “Дипсервис” –и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии сохторҳои давлатии соҳавӣ баромад намуд.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2