МегаФон Тоҷикистон портали навро барои ҷавононе, ки малакаҳои мубрамро дар чунин соҳаҳо, ба монанди ТИ, PR, дизайн ё маркетинг ба даст овардан мехоҳанд, ба кор даровард. Курсҳои гуногуни онлайн дар платформаи academy.megafon, tj мавҷуданд. Нархи хизматрасонӣ - 1 сомонӣ дар як рӯз.
Дар портали «Академияи МегаФон» шумо метавонед барномасозиро бо забонҳои Python JavaScript, тарзи омодакунии постерҳои эҷодӣ, санъати таргетинг омӯхта, асрори PR ва журналистикаро бифаҳмед. Шумо малакаҳоеро, ки дар ҷаҳони рақамии имрӯза талаботпазиранд, тариқи компютер ё дастгоҳҳои мобилӣ ба даст оварда метавонед.
«Иқтисодиёти рақамӣ – аллакай омили замони оянда набуда, балки воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, талабот ба барномасозон, веб-дизайнерҳо, таҳиякунадагони ҳамагуна хизматрасониҳои «доно» барои истифодабарандагони интернет хеле зиёд аст. Онлайн-курсҳои «Академияи МегаФон» имкониятҳоро барои ҷавононе, ки орзуи мустақилона аз худ кардани касбҳои маъруфро доранд, васеъ менамояд. Шояд ин аввалин таҷрибаи азим дар мамлакати мо бошад, вақте ки оператор роҳнамои ҷаҳони малака ва технологияҳо мегардад», – шарҳ медиҳад Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.
Барои «касбомӯз»-и «Академияи МегаФон» шудан, ба хизматрасонӣ тавассути USSD-дархости *3142# обуна шудан лозим аст. Логин барои бақайдгирӣ (авторизатсия) - рақами телефони мобилии муштарӣ мебошад. Дар як дастгоҳ дар як вақт танҳо як сессия метавонад кушода шавад. Барномаи дилхоҳи худро дар саҳифаи асосии портал интихоб кардан мумкин аст. Ҳангоми пайдо шудани шарикони нави лоиҳаи ширкат рӯйхати курсҳо доимо нав карда мешавад. Пайваст шавед ва онлайн таҳсил намоед!