МегаФон Таджикистан

Шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дар Хатлон боз ҳам босуръат шуд

Время чтения: 2 мин
Шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дар Хатлон боз ҳам босуръат шуд

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон корҳои босуръатро оид ба инкишофи шабака анҷом медиҳад. Аз оғози сол зиёда аз 20 пойгоҳи нави базавӣ ба истифода супорида шуда, дар 40 пойгоҳи қаблан насбгардида корҳои муосиргардонӣ ва васеъкунии қобилияти шабака анҷом дода шудаанд. Яке аз натиҷаҳои аз ҳама назаррас – баландшавии суръати интернети мобилӣ барои истифодабарандагони шабакаи оператор маҳсуб меёбад.

 

МегаФон Тоҷикистон ҳатто дар нуқтаҳои дурдасттарини вилояти Хатлон: ҷамоати Тахти Сангини ноҳияи Қабодиён, мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон”-и ноҳияи Ҷиликул, ҷамоати Сайёд ва ҷамоати Х.Холматови ноҳияи Шаҳритус пойгоҳҳои базавиро насб менамояд. Инчунин корҳои муайян дар шаҳру ноҳияҳои бузург, ба монанди шаҳрҳои Бохтар, Кулоб ва Норак, ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Дӯстӣ, А.Ҷомӣ, Данғара, Қабодиён, Ҷ.Румӣ, Ҳамадонӣ, Хуросон, Шаҳритус ва Ёвон амалӣ гардонида шуда, лар як қатор ҷамоатҳои дурдаст аввалин маротиба шабакаи насли чорум ба кор дароварда шудааст.

 

Дар соли 2021 дар зиёда аз 40 пойгоҳи базавии амалкунанда таҷҳизоти иловагӣ ба кор дароварда шуданд. Ба шарофати гузариш якбора ба ду басомад – “1800” ва “2600 МГс” – сарбории шабакаи “овозӣ” бардошта шуда, ҳамзамон суръати дастрасии мобилӣ баланд мегардад.

 

“Муосиргардонии шабака ба мо имкон медиҳад, ки ба интизорию талаботи ҷавобгӯ бошем ва муштариёни навро бо сифати баланди хизматрасониҳои худ ҷалб намоем. Айни замон мо аз рӯйи фарогирии шабака ва баландии суръатҳои интернет дар шаҳру ноҳияҳои бузург мақоми пешсафро соҳиб ҳастем. Ва то охири сол мо корҳоро оид ба такмили минбаъдаи ҳамаи хизматрасониҳо идома дода, диққати махсусро ба интернети мобилӣ равона хоҳем кард”, - изҳор дошт Маҷид САЙТАСАНОВ, директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон.

 

Интернети баландсуръати мобилӣ ба муштариён имкон медиҳад, ки фаъолона аз шабакаи ҷаҳонӣ кор гирифта, масъалаҳои рӯзмарраро фавран ва зуд ҳал намоянд. Ҳамин тариқ, дар ҳуҷраи шахсии замимаи “МегаФон Life” метавон тарофаҳои нави ҷашнии “Аз ту оғоз мегардад!”-ро пайваст намуд. “Ҳамён”-и мобилӣ бошад, имкон медиҳад, ки пардохтҳо тариқи смартфон анҷом дода шуда, маблағҳо ба ҳисоби наздикон гузаронида шаванд.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2