1 декабр дар ҷумҳурӣ озмуни “Ташнаи суръат 2021” оғоз меёбад. Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки барояшон дарёфти суръати баландтарини интернети мобилӣ дар замимаи "Speedtest by Ookla” муяссар мешавад, ба туҳфаҳои арзишманд – смартфонҳои хуштарҳу замонавӣ, рақамҳои қиматбаҳои “тиллоӣ” ва бастаҳои солонаи интернетӣ бо ҳаҷми 60 Гб соҳиб хоҳед шуд. “Дарёфти суръат” то санаи 20 декабр (дохилан) имконпазир аст.
Speedtest, ки аз ҷониби ширкати Ookla таҳия шудааст – яке аз замимаҳои маъруфтарин барои ченкунии суръатҳои қабул ва таҳвили маълумот ба ҳисоб меравад. Бо таҳлили миллион тестҳо Ookla рейтинги операторони тамоми оламро дар ҷониби худ омода менамояд. Тоҷикистон ба тадқиқоти мазкур аввалин маротиба дар соли 2019 дохил карда шуд. Он муддат интернети ширкати “МегаФон Тоҷикистон” беҳтарин эътироф карда шуд.
“Ҷиҳати асосии мусбати рейтинги Ookla дар комилан холис будани он аст. Ҳамаи андозакуниҳое, ки аз ҷониби муштариёни ҳамаи операторон дар маконҳои гуногун ва шароитҳои мухталиф анҷом дода шудаанд, мавриди таҳлил қарор мегиранд. Озмун имкон медиҳад, ки маълумоти нав дастрас карда шавад. Он маълумоти марбут ба андозакуниҳои моро пурра менамояд. Ҳамин тариқ, мо тасвири воқеии фаъолияти шабакаро дар ҳудуди тамоми ҷумҳурӣ пайдо менамоем, муштариён бошанд – пеш аз Соли нав ба туҳфаҳои ҷолиб соҳиб мешаванд. Дарёфти бомуваффақияти суръатҳои баландро таманно дорем!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.
Барои иштирокчии озмун шудан бояд замимаи “Speedtest” by Ookla боргирӣ карда шуда, пеш аз оғози андозакуниҳо дар смартфон макони қароргирӣ (геолокатсия), яъне GPS, Геоданные ва таҳвили маълумот (интернет) фаъол карда шавад. Дар замима бояд “MegaFon Tajikistan” бо намуди пайвастагии “Множественное” ба сифати сервери санҷишӣ интихоб карда шуда, сипас тугмаи “Начать” пахш карда шавад. Пас аз ин натиҷаи санҷиш иниъкос мегардад. Натиҷаи дар экран инъикосгардида бояд скриншот карда, тариқи пур кардани қолаби махсус дар саҳифаи интернетии www.nfs.megafon.tj [ http://www.nfs.megafon.tj/ ] ба ташкилкунандагони озмун фиристода шавад.
Дар ҳар як минтақа – Душанбе, НТМ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ аз ҳисоби ширкаткунандагон се-нафарӣ иштирокчии пешсафтарин аз рӯйи суръати боргирии маълумот (Downlink) муайян карда мешаванд. Ҳамин тариқ, смартфонҳои Samsung Galaxy A52 насиби панҷ ғолиби озмуни “Ташнаи суръат” хоҳанд шуд. Ба соҳибони ҷойҳои дуюм рақамҳои “тиллоӣ” тақдим карда машаванд. Иштирокчиёне, ки сазовори ҷойи сеюм мегарданд, бастаҳои трафики интернетро, ки метавонанд дар давоми 12 моҳ истифода намоянд, ба даст меоранд. Маросими тақдими туҳфаҳо дар ҳамаи минтақаҳои кишвар сурат мегирад.