Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» корҳои азимро ҷиҳати навгардонии шабакаи худ дар вилояти Хатлон идома медиҳад. Дар тӯли моҳи сипаришуда оператор дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб зиёда аз 10 истгоҳи нави базавии насли сеюм ва чорум насб кард. Акнун сокинони шаҳр метавонанд аз интернети мобилии босуръат ва алоқаи сифатноки овозӣ фаъолтар истифода баранд.
Инчунин, дар саросари шаҳри Кӯлоб беш аз 3 километр хатҳои нави нахӣ-нурии алоқа (ХАНН) гузаронида шуданд. Ин имкон дод, ки суръати интернет иловатан баландтар гардида, шабакаи таҳвилӣ васеъ карда шавад. Баъд аз навсозии шабака, суръати дастрасӣ дар шаҳр афзуд ва сатҳи фарогирӣ низ беҳтар гардид.
Суръатҳои баландтари интернети мобилӣ ба муштариён имкон медиҳанд, ки аз ҳамаи хизматрасониҳои рақамии ширкат: замимаи ройгони «МегаФон Life» барои идоракунии тарофаҳо ва хизматрасониҳо, ҳамёни электронӣ, порталҳои MegaMovie, MegaMusic, Yakdu.tj, «МегаФон Академия» бароҳат истифода баранд.
«Шаҳрҳо сохта мешаванд ва дар радифи онҳо мо низ бунёд гардида, рушд мекунем. Ҳар рӯз мо барои навгардонии шабака, фароҳам овардани инфрасохтори ҷавобгӯ ба хоҳишу дархостҳои муштариёни мо дар минтақа корҳои азимеро анҷом медиҳем. Ҳамин тариқ, онҳо хизматрасониҳои муосир, доираи васеи имкониятҳои нави рақамиро барои муошират, кор ва истироҳат пайдо мекунанд», – иброз дошт Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.