МегаФон Таджикистан

Шабакаи хусусии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳамроҳи пойтахт инкишоф меёбад

Время чтения: 1 мин
Шабакаи хусусии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳамроҳи пойтахт инкишоф меёбад

“МегаФон Тоҷикистон” боз ду идораро дар маҳаллаҳои истиқоматии Душанбе ифтитоҳ намуд. Ҳамин тариқ, толорҳои нави ширкат дар кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ ва дар хиёбони Рӯдакӣ, ки яке аз ноҳияҳои калон ва сераҳолии шаҳр маҳсуб меёбад, ҷойгир шудаанд.

“Мо ҳамеша идораҳоро дар маконҳое ифтитоҳ менамоем, ки ҳар як муштарӣ хизматрасонии баландсифатро дар назди хонаи худ ё ҳангоми роҳ ба харидҳо гирифта тавонад. Диққати махсусро, албатта, мо ба маҳаллаҳои истиқоматӣ бо биноҳои сершумор равона менамоем – маҳз дар чунин маконҳо бисёри муштариёни мо зиндагонӣ мекунанд. Барои ҳамин мунтазам дар маҳаллаҳои сераҳолии мо толорҳои мо пайдо мешаванд. Аз рӯйи ҳисобу китоби мо ҳаррӯза ҳар яки он анқариб ба сад муштарӣ хизмат мерасонад. Душанбе дар ҳоли инкишоф аст – шабакаи хусусии мо низ дар баробари шаҳр рушд меёбад”, - мегӯяд Парвиз ДАВЛАТОВ, роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе НТМ.

Идораҳои хизматрасонии аз ҷониби оператор кушодашуда дар хиёбони Рӯдакӣ 183/181 ва кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ 66 ҷойгир мебошанд. Дар толорҳо ба муштариён доираи васеи хизматрасониҳо – аз пайвасткунии тарофаи муфид ва пуркунии ҳисоб то имкони дастраскунии дастгоҳҳо ва лавозимоти мобилӣ, инчунин гирифтани машварати мушовирон дар масъалаи танзими хизматрасониҳо ва замимаҳои мобилӣ пешниҳод карда мешавад.

“Мо хеле хушҳолем, ки дар маҳаллаи мо, дар хиёбони Рӯдакӣ идораи нави ширкати Шумо кушода шуд. Акнун дар дилхоҳ вақт, масалан, якбора пас аз кор мо метавонем масъалаҳои мобилиро ҳал намоем, ин хеле қулай аст. Ташаккур барои ғамхорӣ нисбати муштариён!” – эҳсосоти худро ба самъи дигарон расонида мегӯяд яке аз боздидкунандагони нахустини толори нав, мизоҷи “МегаФон” Аваз МАЗБУТОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2