МегаФон Таджикистан

“МегаФон Тоҷикистон” ба кормандон хизматрасонии сатҳи олиро меомӯзонад

Время чтения: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон” ба кормандон хизматрасонии сатҳи олиро меомӯзонад

Дар шаҳри Бохтар тренинги навбатӣ дар мавзӯи “Савдо ва хизматгузорӣ бо сабки МегаФон” аз ҷониби кормандони ботаҷрибаи департамент оид ба ҳайати кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои ҳамкорони ҷавон аз толорҳои фирмавӣ доир карда шуд. Иштирокчиёни тренинг роҳҳои нави кор бо мизоҷонро аз худ карда, дар бораи хизматрасониҳои чанде пеш ҷоринамудаи оператор маълумоти муҳим гирифтанд.

Оид ба қоидаҳои хизматрасонии зуд ва босифати муштариён, пуркунии ҳуҷҷатҳои расмӣ ба кормандони ҷавони толорҳо менеҷер оид ба омӯзиш ва рушд Фаридун ПӮЛОДӢ маълумот расонид. Номбурда диққати махсусро ба хусусиятҳои тарофаҳои маъруфи “Биё!”, ки нисбатан бештар аз ҷониби истифодабарандагони интернети мобилӣ истифода карда мешаванд, равона намуд. Менеҷер оид ба шабакаи дилерӣ Саймаҳмуд САЙДУЛЛОЕВ бошад, ба ҳамкорони ҷавони худ дар самти ҳалли масъалаҳои ҳангоми фаъолияти мушовирон бамиёноянда маслиҳатҳои амалӣ дод. Инчунин иштирокчиёни тренинг доир ба роҳҳои фаҳмондадиҳии хусусиятҳо ва афзалиятҳои замимаи “МегаФон Life”, ки дар худ се функсияи муҳим: мессенҷер, идоракунии ҳуҷраи корӣ ва барномаи бонусии “Раҳмат”-ро муттаҳид кардааст, маълумот пайдо намуданд. 

“Табодули мунтазами таҷриба – барои ширкати мо як равиши муқаррарист. Барои соҳаи телеком, ки дар он доим технологияҳо ва хизматрасониҳои нав пайдо мешаванд, ин хеле муҳим аст. Омӯзиши муфассали ин молҳои нав, инчунин маслиҳатҳои марбут ба хизматрасонии категорияҳои мухталифи боздидкунандагон, ҳатто имкони таъмини хизматрасонии сатҳи олиро фароҳам меорад, ҳатто дар ҳолате, ки хизмат аз ҷониби кормандони ҷавони соҳаи фурӯши хусусӣ расонида мешавад”, - қайд менамояд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2