МегаФон Таджикистан

Соҳибкорон аз даҳ кишвар эътимонокии алоқаи “МегаФон Тоҷикистон”-ро баҳогузорӣ намуданд

Время чтения: 1 мин
Соҳибкорон аз даҳ кишвар эътимонокии алоқаи “МегаФон Тоҷикистон”-ро баҳогузорӣ намуданд

Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2018” ба анҷом расид, ки соҳибкорони зиёда аз даҳ кишвари дунёро ҷамъ намуд. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба сифати шарики телекоммуникатсионӣ баромад кард.

Намоишгоҳ иштирокчиёнро аз Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Россия ва Кореяи Ҷанубӣ ҷамъ намуд. Соҳибкорон бо ҳамкасбон аз хориҷи кишвар ҳамсуҳбат шуда, ҷиҳати бастани шартномаҳо ва таҳвили маҳсулот ҳамоҳангсозӣ намуданд. Ба иштирокчиёни намоишгоҳ ҷиҳати фаъолият намудан ва маълумот дарёфт кардан, интернети эътимодноки мобилӣ аз “МегаФон Тоҷикистон” ёрӣ расонид, дар МД “Кохи Борбад”, ки онҷо чорабинӣ барпо гардид, минтақаи Wi-Fi-ро барои бемонеа баромадан ба Шабака омода кард. Ғайр аз ин, намояндагони оператор хизматрасониҳо ва маҳсулотҳои телекоммуникатсиониро, ки ба самаранокӣ ва муваффақиятнокии бизнес кумак мерасонад, муаррифӣ намуданд.             

“Мо хушҳолем, ки ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2018”, ки намояндагони тамоми соҳаҳои иқтисодиро гирд овард, фаъолона иштирок варзид. Умедворем, ки дар оянда низ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар намоишҳои мо шарики боэътимод хоҳад шуд”, - қайд намуд ҷонишини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил САНГОВ.

“Чунин чорабиниҳои бузург имкон медиҳанд, ки на танҳо маҳсулоти худро барои бозори соҳибкорӣ пешниҳод намоӣ, балки боэътимодии хизматрасониҳои “МегаФон” дар амал муаррифӣ шаванд. Давоми чанд рӯз меҳмонҳо аз кишварҳои гуногун аз интернети мо истифода карданд. Таасуротҳои онҳо аз баланд будани сифати алоқаи мо шабоҳат медиҳанд” – гуфт директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2