МегаФон Таджикистан

Сайёҳӣ аз ту оғоз меёбад!

Время чтения: 2 мин
Сайёҳӣ аз ту оғоз меёбад!

Сайёҳӣ аз ту оғоз меёбад!

Соли 2018 дар Тоҷикистон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” қарор кард, ки дар расидан ба ҳадафи умумӣ саҳми худро гузорад, бинобар ин ширкат сафари матбуотиро таҳти унвони “Сайёҳӣ аз ту оғоз меёбад!” ташкил намуд. Намояндагони ВАО аз маконҳои тамошобоби ноҳияи Шаҳритуз боздид карда, баъзе хабарнигорон ҳангоми сафар имкон пайдо карданд, ки ба шарофати алоқаи боэътимоди “МегаФон Тоҷикистон” таассуроти худро ба дигарон расонанд.

Ба барномаи сафари матбуотӣ боздид аз ёдгориҳои таърихии “Хоҷа Машҳад” ва “Хоҷа Дурбод” дохил гардида буд. Ин яке аз бунёдкориҳои қадимӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад – зеро ташкили мақбара ва мадрасаи Хоҷа Машҳадро ба асрҳои IX-XII мансуб медонанд. Намояндагони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз ба иштирокчиёни сафар доир ба таърихи ин маконҳо маълумот дода қайд карданд, ки солҳои ахир теъдоди сайёҳоне, ки ҷиҳати шиносоӣ бо маконҳои тамошобоби вилояти Хатлон ташриф меоранд, пайваста афзоиш меёбад. Журналистон инчунин нигораҳои осорхонаро, ки аз таърихи минтақа гувоҳӣ дода, дар замони ҳафриёти бостоншиносӣ пайдо карда шудаанд, аз назар гузарониданд.

“Ҳангоми ба чунин маконҳо рафтан махсусан хуб дарк мекуни, ки то чӣ андоза халқи мо қадимӣ мебошад. Аллакай ҳазор сол пеш устоҳои маҳаллӣ ашёҳои хушнаморо сохта ба вуҷуд оварда метавонистанд ва онҳоро ҳатто имрӯз метавон бо ифтихор ба меҳмонони Тоҷикистон нишон дод. Воқеан, барои мо – сокинони кишвар низ зарур меояд, ки таърихи худро беҳтар омӯзем. Ман ҳатман доир ба ин сафар репортажи калон омода мекунам, ҳоло бошад, танҳо якчанд аксҳои дар смартфон гирифтаамро гузоштам, - интернети босуръати “МегаФон Тоҷикистон” имкон медиҳад, ки ин амал ҳатто дур аз маркази вилоят анҷом дода шавал”, - мегӯяд Низомиддин ИСОЕВ, журналисти нашрияи “Хатлон”.

“Ташаккур ба “МегаФон Тоҷикистон” барои саёҳати ҷолиб! Мутаассифона, сокинони шаҳрҳои калон на ҳамеша имкони ба маконҳои монанд ба “Хоҷа Машҳад” сафар карданро доранд, охир маҳз дар чунин маконҳо насиму боди таърихро эҳсос менамоӣ. Минтақае, ки мо дар он умр ба сар мебарем, то чӣ андоза хушнамо ва ҷолиб аст ва ман мехостам, ки пас аз сафарамон миқдори ҳарчӣ бештари хонандагон инро бифаҳманд. Зеро чӣ қадаре зиёд мо маълумоти заруриро пайдо намоем, ҳамон қадар беҳтар мо метавонем дар бораи ватани худ ба сайёҳон аз давлатҳои дигар маълумот диҳем”, - зикр карда изҳор дошт Умар КАМОЛОВ, директори Телевизиони Қурғонтеппа.

“Махфӣ нест, ки мавҷудияти алоқаи боэътимод – яке аз омилҳои асосиест, ки ҷаззобии сайёҳии ин ё он макон таъсир мерасонад. Бинобар ин, мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то ки ҳам сокинони Хатлон, ҳам меҳмонони мо ҳатто дар деҳаҳои дурдаст имкони зангзанӣ ва истифодаи интернети мобилиро дошта бошанд. Вале мо танҳо бо масъалаҳои марбут ба алоқа худро маҳдуд наменамоем: “МегаФон Тоҷикистон” дар байни хабарнигорон дӯстони зиёд дорад ва мо аз нишон додани маконҳои тамошобоби вилояти Хатлон ба онҳо хеле хушҳол гардидем. Мутмаинам, ки мақолаҳо ва сужаҳои телевизионии онҳо, дар навбати худ, ба инкишофи туризм дар ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонанд”, - қайд намуда изҳор дошт роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилоят Маҷид САЙТАСАНОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2