МегаФон Таджикистан

Интернети “МегаФон Тоҷикистон” ҳатто дар нуқтаҳои дурдасттарин босуръат аст

Время чтения: 1 мин
Интернети “МегаФон Тоҷикистон” ҳатто дар нуқтаҳои дурдасттарин босуръат аст

Интернети “МегаФон Тоҷикистон” ҳатто дар нуқтаҳои дурдасттарин босуръат аст

Кормандони ВАО-и пешбари Хуҷанд суръат ва сифати интернети мобилии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро дар ноҳияи Деваштич мавриди санҷиш қарор доданд. Ба хатсайри сафар инчнин яке аз ҷамоатҳои дурдасттарин – Исмоил Сомонӣ низ ҳамроҳ шуд.

Тавре андозакуниҳо нишон доданд, дар вақти ҳаракати нақлиёт ва дар истгоҳҳо суръати таҳвили маълумоти мобилӣ дар шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” аз 8 то 15 Мбит/с-ро ташкил додааст. Барои ҷамоатҳои Тоҷикистон ин натиҷаи беҳтарин аст: чунин суръат барои азназаргузаронии сомонаҳо ё гӯшкунии мусиқӣ тариқи онлайн комилан қулай мебошад ва ҳангоми мавҷуд набудани дастрасии интернети мобилии босим ҳам дар таҳсил, ҳам ҳангоми дилхушиҳо дастёри хуб хоҳад буд.

Дар вақти сафар мутахассисони техникии ширкат ба намояндагони ВАО истгоҳи инноватсионии базавиро нишон доданд – журналистон бо тарзи фаъолияти системаи барқатаъминкунӣ, танзими ҳарорат ва бехатарии он аз наздик шинос шуданд. Баҳри боз ҳам равшан кардани масъала муҳандисони “МегаФон Тоҷикистон” ба хомӯшкунии сунъии нерӯи берунии барқро ба амал бароварданд. Ба шарофати манбаъҳои захиравии нерӯ истгоҳи базавӣ фаъолияти худро идома дода, суръати дастрасии интернет дар сатҳи пешина боқӣ мемонд. Чунин “захираи эътимоднокӣ”-ро ширкат дар ҳамаи истгоҳҳои базавӣ таъмин менамояд.

“Суръати хуби интернети мобилӣ – чизест, ки барои хабарнигори муосир барои ҷустуҷӯи маводҳои мақола ё омодакунии суҷаҳои телевизионӣ хеле зарур аст. Мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкониятҳои калонеро, ки барои истфодабарандагони интернети насли сеюм дар деҳаи Дархони ҷамоати Исмоил Сомонӣ, аз ҷумла барои журналистон дастрас мебошанд, ба таври фаҳмо намоиш доданд. Барои ман чун мухбир инчунин гирифтани маълумот дар бораи технологияҳое, ки бо алоқа таъмин карда, одамони аз якдигар ба фарсахҳо дур бударо мепайванданд, хеле ҷолиб буд. Ин барои мо, намояндагони ВАО лоиҳаи беҳтарин аст”, - мегӯяд корманди шабакаи телевизионии “Танин” Бадахшон АЗИМОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2