МегаФон Таджикистан

“МегаФон Тоҷикистон” Наврӯзро бо хонаи кӯдакон ҷашн гирифт

Время чтения: 2 мин
“МегаФон Тоҷикистон” Наврӯзро бо хонаи кӯдакон ҷашн гирифт

“МегаФон Тоҷикистон” Наврӯзро бо хонаи кӯдакон ҷашн гирифт Санаи 20 март ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҷашни байналмилалии Наврӯзро якҷоя бо хонандагони мактаб-интернат барои ятимон ва кӯдакони камбизоат ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш истиқбол намуд. Зиёда аз 200 тарбиятгирандагони мактаб бо анъанаҳои миллии тоҷикӣ аз наздик шинос шуда, баромади ҳунармандони даъватнамудаи “МегаФон Тоҷикистон”-ро тамошо карданд. Ҷашн аз намоиши гӯштини миллӣ ва дигар бозиҳое, ки ба муносибати Наврӯз гузаронида мешаванд, оғоз ёфт. Ҳамаи хонандагону муаллимон сару либоси миллӣ ба бар карда, дастархони идонаи наврӯзӣ – “Ҳафт Син” ва “Ҳафт Шин” ороста буданд. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” кӯшиш намуд, то ин ҷашнро барои хонандагони мактаб – интернат рангин ва хотирмон созад. Гулдухтарон сурудхонон суманак омода мекарданд, қисми дигари хонандагон ба даст гулҳои баҳорӣ гирифта, дар васфи Наврӯз ва баҳор шеърҳо қироат менамуданд. Якҷоя бо ҳунармандони маъруфи Хатлон кӯдакон хурсандӣ, рақсу бозӣ ва шеърхонӣ карданд – ва албатта ба оператор барои чорабинии ташкилнамуда изҳори сипос мекарданд. “Хурсанд аз он будем, ки кӯдакон Наврӯзро ҳамроҳи меҳмонон ҷашн мегирифтанд. Тақдири бисёри тарбиятгирандагони мо вазнин аст, вале дар ин рӯз ҳама мушкилоти худро фаромӯш карда, бе муболиға метавон гуфт, ки ба мисли як оила хурсандӣ намуданд. Ташаккур ба онҳое, ки дар гузаронидани ин чорабинии идона саҳми арзандаи худро гузошт!” – мегӯяд директори мактаб-интернат Абдуламин НЕГМАТОВ. Пас аз аҷоми консерти идона кӯдакон ба ошхона даъват карда шуда, ба онҳо бо оши палав аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” зиёфат дода шуд. “Наврӯз – яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳу аҳамиятноки халқи мо маҳсуб меёбад, ва мо кӯшиш намудем, то ки тарбиятгирандагони мактаб ба номи Мирзо Сатторов онро бо хушнудии зиёд, мисли дигар сокинони боқимондаи ҷумҳурӣ ҷашн гиранд. Барои мо аз ҳама муҳим он буд, ки онҳо муҳаббату ғамхорӣ, мароқи самимию беандозаи моро дар самти беҳгардонии ҳаёташон эҳсос намоянд. Ман хеле хушҳол аз онам, ки мо комилан ба мақсадамон расидем!” – таассуроти худро ба дигарон расонида мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2