МегаФон Таджикистан

Мусобиқаи кӯдаконаи “МегаФон Life дар сабки футбол”: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!

  • Ширкат
19 просмотров
Время чтения: 1 мин
Мусобиқаи кӯдаконаи “МегаФон Life дар сабки футбол”: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!

Дар 25-умин солгарди худ МегаФон Тоҷикистон лоиҳаи васеъмиқёсро оид ба дастгирии футболи кӯдакона идома медиҳад. Дар бораи мавсими нави мусобиқаи “МегаФон Life дар сабки футбол” оператор дар маросими имзокунии шартнома бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон (ЛФКНТ) хабар дод.

Зери санади ҳамкорӣ директори раёсати минтақавии  ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе  ва НТМ Далер Наимов ва директори ЛФКНТ Абдулло Соқиев имзо гузоштанд. Тавре ҷонибҳо иттилоъ доданд, дар соли 2026 бозиҳо миёни дастаҳои то 13 сола дар шаҳрҳои бузургтарини тамоми минтақаҳои кишвар – Бохтар, Душанбе, Турсунзода, Хоруғ ва Хуҷанд баргузор мешаванд.

“Дастгирии варзиши кӯдакона барои мо – на ташаббуси якдафъаина, балки кори мунтазам аст. Дар тӯли 25 сол МегаФон Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди иҷтимоиро амалӣ намуд ва рушди футбол ҳамеша дар ин кор ҷойи махсусро ишғол мекард. Дар соли ҷашнӣ мо кӯшиш менамоем, ки барои варзишгарони ҷавон имкониятҳои боз ҳам бештар фароҳам оварем, то онҳо тавонанд маҳорати худро нишон диҳанд ва ба нерӯи худ боварӣ ҳосил кунанд”, - қайд кард Далер Наимов.

Директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ёдовар шуд, ки ҳамкорӣ бо ширкат аллакай чанд сол боз идома дорад: “Муҳим аст, ки кори муштараки мо хусусияти дарозмуддат дорад. Чунин мусобиқаҳо на танҳо шавқу рағбати кӯдаконро ба варзиш зиёд мекунанд, балки барои дарёфти бозингарони боистеъдод дар минтақаҳо низ кӯмак мерасонанд. Итминон дорам, ки барои бисёре аз иштирокчиён ин лоиҳа қадами нахустин ба сӯи фаъолияти касбӣ ва дастовардҳои бузург дар оянда хоҳад буд”.

Бозиҳои аввалини мавсими 2026 моҳи май баргузор мегарданд. Интизор меравад, ки бозиҳо ҳудуди 1 500 футболбози ҷавонро ба ҳам меоранд. Ба ғайр аз бозиҳо, дигар чорабиниҳои варзишӣ – аз ҷумла, машғулиятҳои омӯзишӣ бо иштироки футболбозони маъруф ташкил карда мешаванд.

 

МегаФон Тоҷикистон - ҳамеша якҷо бо футбол!


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2