Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба ҳайси шарики расмии “Дави Гагарин”, ки бори нахуст дар Хуҷанд бо дастгирии маркази илм ва фарҳанги Русия баргузор гардид, баромад намуд. Оператор интернети баландсуръат ва алоқаи устуворро барои пайвастшавии мустақими майдон дар Тоҷикистон бо шаҳраки Звёздний дар вилояти Маскав таъмин кард.
Чорабинӣ оид ба дав ба муносибати 65-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон санаи 25 апрел дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуд. Ба иштирокчиён масофаҳои гуногун вобаста ба синну сол пешниҳод гардиданд: 300 метр ё 1 километр – барои кӯдакон ва 5 километр – барои калонсолон.
Бо дастгирии техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” алоқаи онлайн бо ташкилкунандагони чорабинӣ ва кайҳонавардони шаҳраки Звёздний – Маркази омодасозии кайҳонавардон ба номи Ю.А.Гагарин ташкил карда шуд. Ин ба сокинони Хуҷанд имкон дод, ки дар ин рӯйдоди барҷаста нақши муҳим бозанд. Ба ғайр аз ин, оператор ба аъзои дастаи Хуҷанд сертификатҳоро барои рақамҳои тиллоӣ тақдим намуд.
“Рисолати мо – пайвандкунии одамон ва давлатҳост, бо ҳамин сабаб мо бо омодагии том чунин ташаббусҳоро дастгирӣ менамоем. Шод ҳастем, ки ба шарофати технологияҳои мо ду давлат якҷо солгарди парвози Юрий Гагаринро таҷлил карда, худро як ҷузъи муҳимми як рӯйдоди бузург эҳсос намуданд”, - мегӯяд Раҳматҷон Раҳматов, директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд.



