МегаФон Таджикистан

Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад

  • Ширкат
  • Хизматрасониҳо
  • Аксияҳо
20 просмотров
Время чтения: 1 мин
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад

Сайёҳон ва сокинони шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон метавонанд паёмакҳоро бисанҷанд, аксҳо гузоранд ё бевосита видеоро ҳангоми сайру гашт, бидуни пардохти маблағ барои трафики интернет тамошо кунанд. Дар боғҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ шабакаи Green Wi-Fi аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” фаъолият мекунад. Лоиҳа аллакай маконҳои калидиро фаро гирифта, васеъшавиро идома медиҳад.

Дар Душанбе Wi-Fi аз оператор дар боғҳои ба номи С. Айнӣ, А. Дониш, Куруши Кабир, А. Фирдавсӣ, Рӯдакӣ ва Ҷавонон, толори вуруди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инчунин дар хиёбони Рӯдакӣ 100 бо фарогирӣ ба самти боғи Истиқлол роҳандозӣ шудааст. Дар Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ Green Wi-Fi дар боғҳои марказӣ ва ҷойҳои маъруфи истироҳати шаҳрвандон фаъол аст. Интернети ройгон ба корбарон барои вақти муайян, то 30 дақиқа дастрас мебошад. Барои истифодаи тӯлонитар аз Шабака пайвасткунии бастаи пулакӣ бо ҳаҷми зарурии трафик кифоя аст.

Green Wi-Fi-ро чӣ тавр истифода бурдан мумкин аст:

- ба шабакаи Green Wi-Fi пайваст шавед – саҳифаи бақайдгирӣ ба таври автоматӣ кушода мешавад;

- роҳи воридшавиро тавассути SMS интихоб намоед;

- рақами телефони мобилиро ворид карда, рамзи тасдиқкуниро қабул намоед;

- рамзро ба саҳифаи бақайдгирӣ ворид кунед;

- бастаи ройгон (10 ё 30 дақиқа) ё пулакиро интихоб кунед;

- барои дастрасии ройгон тамошои ролики таблиғотӣ лозим аст.

“Мо Green Wi-Fi-ро на танҳо ҳамчун хизматрасонии қулай барои ҳаёти ҳаррӯза рушд медиҳем. Мавҷудияти Green Wi-Fi дар кӯчаҳо, маконҳои дӯстдоштаи фароғатӣ, дар назди ҷойҳои асосии тамошобоб барои пайдо кардани таассуроти мусбат дар бораи кишвари мо мусоидат мекунад. Ҳам сайёҳон ва ҳам сокинони шаҳрҳо имконияти озодона истифода бурдани хизматрасониҳои рақамӣ, ба дигарон расонидани лаҳзаҳои рангини сайру гаштҳои худро пайдо мекунанд”, - мегӯяд Олег Гребеньков, роҳбари самти фурӯшҳо ва хизматрасонии ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2