МегаФон Таджикистан

Муассисаи олии тиббӣ интернети ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро интихоб намуд

Время чтения: 1 мин
Муассисаи олии тиббӣ интернети ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро интихоб намуд

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯ Алӣ ибни Сино хизматрасонии таҳвили маълумоти ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро пайваст намуд. Интернети боэътимоди оператор ба омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи олии тиббӣ имкони истифодаи бемаҳдуди сомонаи корпоративӣ, ва инчунин портали омӯзишиеро фароҳам меорад, ки дар он журнали электронии омори муваффақиятҳо ҷойгир буда, табодули ҳуҷҷатҳо байни кормандон сурат мегирад.

 

Дастрасии бемаҳдуд ба манбаъҳои корпоративии донишгоҳ ба кормандон аз 1 сентябр пешниҳод карда шуд. Ба омӯзгорон SIM-кортҳо барои планшетҳои корӣ дода шуда, акнун онҳо метавонанд баҳоҳо ва маълумоти дигари муҳимро дар реҷаи онлайн ба қайд гиранд. Донишҷӯёни дорои SIM-кортҳои МегаФон Тоҷикистон инчунин метавонанд бе маҳдудият аз манбаъҳои интернетии ДДТТ истифода намоянд: хабарҳоро хонанд, ҷадвали дарсҳоро дар ҳуҷраи шахсӣ аз назар гузаронанд ё маълумотро оид ба роҳдиҳӣ ба имтиҳонот дақиқ намоянд.   

 

“Ин боиси ифтихори мост, ки яке аз муассисаҳои олии таълимии кишвар маҳз интернети моро интихоб намуд. Мо кӯшиш намудем, ки на танҳо шартҳои муфиди арзиширо пешниҳод кунем, балки инчунин эътимоднокии баланди инфрасохтори техникиро таъмин намоем. Сухан на танҳо дар бораи таҳвили маълумоти мобилӣ меравад: айни замон ҷараёни гузаронидани кабели нахӣ-нурӣ ба биноҳои ДДТТ дар амал буда, сервери асосии донишгоҳ ба шабакаҳои ноқилии мо пайваст карда мешавад”, - мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2