МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон дӯстии байни кишвари мо ва Чинро таҳким мебахшад

Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон дӯстии байни кишвари мо ва Чинро таҳким мебахшад

Дар тарабхонаи “Дӯстӣ” чорабиние доир гардид, ки ба он МегаФон Тоҷикистон роҳбарони ширкатҳои калонтарини чиниро, ки дар ҳудуди ҷумҳурии мо фаъолият мекунанд, даъват намуд. Чорабинии бахшида ба 70-солагии ҶМЧ, бо дастгирии бренди Huawei баргузор карда шуд.

“Чин – яке аз шарикони асосии иқтисодии кишварамон ба ҳисоб меравад. Роҳандозӣ кардани муносибатҳои дӯстона бо давлати ҳамсоя, ташкили шароитҳо барои беҳтар намудани якдигарфаҳмӣ барои мо хеле муҳим аст. Мутмаинам, ки баъди вохӯрии мо фарҳанги халқи тоҷик ба соҳибкорони Чин боз ҳам наздиктару фаҳмотар гардид”, - қайд намуд директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

Барномаи чорабинии “Дӯстии халқҳо”, ки зиёда аз 130 меҳмонро ба ҳам овард, хеле пурмуҳтаво буд. Намоиши мӯди дизайнер Нафиса Имронова, баромади сароянда Юлия Багданавичутте доир гардида, якчанд намоишҳи рақсӣ аз ҷониби ансамбли “Падида” иҷро карда шуданд. Маркази “Конфутсий” фарҳанги классикии чинӣ: санъати кунг-фу, сурудҳои халқӣ ва рақси аждаҳоро намоиш дод. Ширкати Huawei бошад, дастовардҳои имрӯзаи техникии ҶМЧ-ро нишон дод: байни меҳмонон смартфонҳо аз истеҳсолкунандаи пешбари ҷаҳонӣ, инчунин рақамҳои “тиллоӣ” ва “нуқрагин”-и МегаФон Тоҷикистон бурд карда шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонон ба осмон фонусҳои нурафканро сар доданд. Дар Чин анъанаи мазкур маънии амиқ дорад: чунин ҳисобида мешавад, ки фонусҳо ҳамроҳи худ ҳама бадиҳоро бурда, ба сӯйи саодатмандию боигариҳо роҳ мекушоянд.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2