Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” аввалин шуда дар бозори телекоммуникатсионии кишвар термо-SIM-кортҳои махсусро барои истифода дар таҷҳизоти дурдаст ба муомилот баровард. Кортҳои барои ҳароратҳои аз 40 дараҷа сардӣ то 100 дараҷа гармӣ аз рӯйи Селсия тобоварро метавон дар системаҳои “Хонаи доно”, навигаторҳои автомобилӣ, системаҳои пардохтӣ ё дар самти назорат ва баҳисобгирии захираҳои барқ истифода намуд.
“Тағйирёбии азими ҳароратҳо хоси иқлими ҷумҳурии мо мебошанд. Ин на танҳо фарқи байни зимистону тобистон аст. Дар кӯҳҳо ҳатто дар давоми як шабонарӯз ҳарорат метавонад то даҳҳо дараҷа поён ва боло равад. Дар чунин шароитҳо термо-SIM-кортҳо як воситаи наҷотдиҳандаи ширкатҳое ба ҳисоб мераванд, ки технологияҳои M2M-ро ба кор мебаранд”, - изҳор дошт директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.
Таҳвили маълумот аз рӯйи технологияи М2М (“аз мошин то мошин”) дар Тоҷикистон пайваста васеъ истифода мешавад: SIM-кортҳо дар системаҳои сигнализатсияи муҳофиза, банкоматҳо ва дастгоҳҳои хазинавӣ, дастгоҳҳои баҳисобгирии захираҳо, аз ҷумла дар истеҳсолот кор фармуда мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо дастгоҳҳои М2М метавонанд назорати самаранокро дар маконҳои барои инсон хатарнок – масалан, дар минтақаҳои истеҳсолӣ бо ҳароратҳои баланд таъмин намоянд. Дар баробари ин, термо-SIM-кортҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон” на танҳо ба гармию сардӣ тобовар мебошанд, балки инчунин аз чангу хок, ларзишҳо, зангзаниҳо ҳифз шудаанд. Ҳатто дар шароитҳои сахти кӯҳӣ ё тӯфони чанголуд онҳо фаъолият намуда, ҳамин тариқ, мизоҷони операторро бо назорати пурраи таҷҳизоташон таъмин менамоянд.