МегаФон Тоҷикистон якҷоя бо Бонки амонатии Русия лоиҳаи муштаракро роҳандозӣ менамояд. Мизоҷони бонк имкон пайдо мекунанд, ки тавозуни муштариёни оператори алоқаро тавассути замимаи мобилии “Сбербанк Онлайн”, терминалҳои пардохтӣ ё идораҳои хизматрасонии бонк пур намоянд.
“Бисёри сокинони Тоҷикистон ҳангоми кору фаъолият дар Русия ба оилаҳои худ маблағ мефиристонанд. Ин таҷриба барои садҳо ҳазор шаҳрвандони ҷумҳуриамон маъмулӣ гардидааст. Мо қарор кардем, ки доираи имкониятҳои онҳоро васеъ намуда, пардохтҳои “телефонӣ”-ро низ илова намоем. Акнун истифодабарандагони хизматрасониҳои бонк маблағро ба ҳисобҳои телефонии наздикони худ, масалан, ба воситаи “Сбербанк Онлайн” гузаронида метавонанд – барои ин танҳо пахши якчанд тугма зарур меояду халос”, - изҳор медорад Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.
Тавре намояндагони оператор қайд менамоянд, замимаи мобилии Бонки амонатӣ на танҳо дар қаламрави ФР амал мекунад. Ин маънои онро дорад, ки воситаи қулайи пуркунии ҳисобҳои телефонии наздикон ба мизоҷони Бонк ҳатто ҳангоми бозгашти онҳо ба Тоҷикистон дастрас боқӣ мемонад.