МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон омӯзгоронро табрик карда, ба онҳо дар бораи хизматрасониҳои муфиди рақамӣ маълумот расонид

Время чтения: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон омӯзгоронро табрик карда, ба онҳо дар бораи хизматрасониҳои муфиди рақамӣ маълумот расонид

Ба муносибати Рӯзи муаллим ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос бо кормандони мактабҳои НТМ вохӯрӣ доир намуд. Омӯзгорон на танҳо соҳиби табрикоту туҳфаҳо гардиданд, балки инчунин донишҳои фоидаоварро дар бораи хизматрасониҳои муосири рақамӣ, ки аз ҷониби оператор дар тамоми ҳудуди кишвар пешниҳод карда мешаванд, ба даст оварданд.

 

“Омӯзгорон ба бисёр саволҳои хонандагони худ, аз ҷумла дар бораи алоқаи мобилӣ ҷавобҳо медиҳанд. Барои ҳамин мо қарор кардем кормандони мактабҳоро бо маълумоти зарурӣ таъмин кунем, то ки онҳо ба саволҳои соҳавӣ бо маҳорати касбӣ ҷавоб дода тавонанд. Мутмаинам, ки шахсан барои худ низ омӯзгорон бисёр маълумотҳои ҷолиб гирифтанд”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.

 

Як қисми суҳбат ба ном афсонаҳои мобилиӣ – бахусус, радиофобия, тарси афканишоти таҷҳизоти алоқаро дар бар мегирифт. Кормандони МегаФон фаҳмониданд, ки дастгоҳҳои оддии маишӣ, ба монанди, тафдони микромавҷнок ё телевизор дар муқоиса ба телефонҳои мобилӣ мавҷҳои бештарро паҳн менамоянд. Ба ғайр аз ин, дар тамоми ҷаҳон даҳҳо тадқиқотҳои тиббӣ гузаронида мешаванд, ва ягон-тои онҳо таъсири шабакаҳои мобилиро ба саломатии инсон ошкор накардааст. Бо донистани тарзу воситаи фаъолияти пойгоҳҳои базавӣ ё телефонҳои мобилӣ омӯзгорон метавонанд дар назди тарбиятгирандагони маҳорати коршиносии худро нишон дода, бомуваффақона бо радиофобия мубориза баранд.

 

Фоидаи алоқаи мобилӣ дар бисёр вазъиятҳои ҳаётӣ басо назаррас аст. Он имкон медҳад, ки дар дилхоҳ вақт бо наздикон тамос гирифта шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ табибону наҷотиҳандагон даъват карда шаванд, вале ин анҷоми кор нест, зеро алоқаи мобилӣ дар таъмини амният низ мусоидат менамояд. Ҳамин тариқ, омӯзгорон бо мароқи беандоза бо функсионали хизматрасонии нави “Safe Kids” ошноӣ пайдо карданд. Он ба волидайн имкон медиҳад, ки аз макони қарор доштани фарзандон воқиф бошанд, аз контенти номатлуби интернетӣ кӯдаконро ҳифз кунанд ва вақти дар шабакаи интернет сарфкунандаи хонандагонро маҳдуд намоянд.

 

Дар баробари ин, ба омӯзгорон дар бораи чунин хизматрасониҳо ба монанди замимаи мобилии “МегаФон Life”, ки алоқаи овозӣ, паёмрасонҳо ва “Ҳуҷраи шахсӣ”-и муштариро дар худ муттаҳид менамояд, маълумот расонида шуд. Имкони анҷомдиҳии зангҳои ройгон ба воситаи замима ба ҳамаи онҳое, ки наздиконашон дар шаҳрҳои дигар фаъолият мекунанд ё зиёд ба сафарҳои хизматӣ мераванд, хеле писанд омад. Дар фарҷоми вохӯрӣ бошад, МегаФон Тоҷикистон дар байни омӯзгорон озмун ташкил карда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

 

“Ман аллакай панҷ сол мешавад, ки муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳастам, барои тамоми оилаи ман ҳам алоқаи боэътимоди Шумо хеле писанд аст. Имрӯз бошад, ман шоҳиди он гаштам, ки ширкат инчунин дар донишандӯзии сокинони Тоҷикистон низ саҳми назаррас мегузорад. Ташаккур ба Шумо барои тавсияҳо ва хизматрасониҳои муфид!” – изҳор дошт ба намояндагони оператормудири кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф Раҳмонқул ШАРИФЗОДА.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2