МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон геймерҳоро ба мусобиқа оид ба киберварзиш даъват мекунад

Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон геймерҳоро ба мусобиқа оид ба киберварзиш даъват мекунад

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба ҳайси шарики расмии мусобиқа оид ба киберварзиш баромад менамояд, ки он дар шаҳри Душанбе санаи 25-26 октябр гузаронида мешавад. Ба иштирок дар марҳилаи миллии мусобиқаи WECG ҳамаи хоҳишмандон даъват карда мешаванд. Мусобиқаҳо аз рӯйи ду намуд - Dota 2 ва CS GO баргузор мегарданд. Сипас бозингарони беҳтарин дар марҳилаи навбатӣ, ки дар сатҳи Осиёи Марказӣ дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Нурсултон доир хоҳад шуд, ҷамъ меоянд, ва дар сурати иштироки бомуваффақона давлати моро дар даври ниҳоӣ дар Хитой муаррифӣ менамоянд.

 

“МегаФон аллакай якчанд сол дар инкишофи варзиши “рақамӣ” иштирок менамояд. Ҳамин тариқ, соли 2017 бо дастгирии мо мусобиқаи нахустин оид ба киберварзиш гузаронида шуд. Айни замон маъруфияти он пайваста вусъат меёбад ва дар ин ҷода яке аз нақшҳои муқимро инкишофи стандартҳои нави алоқа мебозанд, зеро маҳз ба шарофати онҳо геймерони тоҷик интернети нисбатан баландсуръати мобилиро истифода менамоянд. Мутмаинам, ки кибер-варзишгарони мо аллакай ба сатҳи байналмилалӣ баромада, мусобиқа дар Душанбе ба онҳо имкон медиҳад, ки бори дигар маҳорати худро нишон диҳанд”, - мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

 

Бозиҳои интихобии мусобиқа ба тариқи онлайн ҷараён мегиранд. Бозингароне, ки аз рӯйи намуди худ натиҷаҳои беҳтаринро нишон медиҳанд, ба даври ниҳоии ҷумҳуриявӣ, ки дар киберфазои "Somoni Cyber Space” (ш.Душанбе, к.Бухоро 23) доир мегардад, даъват карда мешавад.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2