МегаФон Таджикистан

“МегаФон Тоҷикистон” шабакаро дар Хатлон васеъ намуд

Время чтения: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон” шабакаро дар Хатлон васеъ намуд

Боз зиёда аз 100 000 сокинони Хатлон имкони истифодабарии интернети мобилии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро пайдо намуданд. Чунинанд натиҷаҳои фаъолияте, ки дар самти васеъкунии шабакаи 3G аз ҷониби мутахассисони оператор дар моҳҳои август ва сентябри соли 2018 роҳандозӣ шуда буд.

Истгоҳҳои нави базавии стандарти 3G аз тарафи “МегаФон Тоҷикистон” дар ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Кушониён, ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати Файзободи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамоати Шӯроободи ноҳияи Ш.Шоҳин ва ҷамоати Арали ноҳияи А.Ҷомӣ ба кор дароварда шудаанд. Дар истгоҳи базавии Намуна дар ноҳияи Панҷ диапазони басомадҳои истифодашаванда васеъ карда шуд – акнун радиуси амали таҷҳизоти мазкур ду баробар васеъ гардид.

“Ҳадафи асосии фаъолияти мунтазам дар самти васеъкунии шабакаи 3G – таъмини ҳамаи сокинони минтақа бо интернети мобилӣ бо суръатҳои хуб ба ҳисоб меравад. Аз суръатҳои баланди инкишофи шабака аллакай он далел шаҳодат медиҳад, ки теъдоди истифодабарандагони фаъоли интернети 3G дар Хатлон дар муқоиса бо соли сипаришуда 40% афзоиш ёфтааст. Зиёдшавии теъдоди истифодабарандагон аз ҳисоби сокинони нуқтаҳои хурди аҳолинишине ба амал меояд, ки мо дар онҳо истгоҳҳои нави базавиро ба кор медарорем. Мо барои пурра аз байн бурдани “нобаробарии рақамӣ” дар кишвар пайваста чораҳо меандешем, то муштариёни мо аз хизматрасониҳои муосири мобилӣ дар рафти фаъолияти худ ва муошират бо наздиконашон истифода бурда тавонанд”, - қайд менамояд Маҷид САЙТАСАНОВ, роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2