МегаФон Таджикистан

“МегаФон Тоҷикистон” иштирокчиёни дарсҳои низомиро бо алоқаи боэътимод таъмин намуд

Время чтения: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон” иштирокчиёни дарсҳои низомиро бо алоқаи боэътимод таъмин намуд

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба иштирокчиёни дарсҳои низомӣ, ки дар полигони Ҳарбмайдони ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон ҷараён гирифта буд, хизматрасониҳои мобилиро пешниҳод намуд. Алоқа бо хонаро хизматчиёни ҳарбӣ ба шарофати пойгоҳи мутаҳаррики базавии оператор дастрас намуданд.

Дарсҳое, ки дар баробари ҷаласаи ҳарсолаи сарони мақомоти қудратии давлатҳои ИДМ гузаронида мешаванд, то 1 500 сарбозону афсаронро ҷамъ меоварад. Барои иҷроиши вазифаҳои касбӣ низомиён шабакаҳои алоқаи худро доранд, вале алоқаи “шаҳрвандӣ” дар ноҳияи полигон мавҷуд нест – дар радиуси панҷ километр ҳатто хатҳои таҳвили нерӯи барқ, ки имкони пайвасткунии истгоҳҳои пойгоҳҳои доимии базавии операторони мобилиро фароҳам оварда метавонистанд, дида намешаванд. Бинобар ин, “МегаФон Тоҷикистон” имкони дигари техникӣ – пойгоҳи базавии мобилиро ба кор мебарад.

“Он дар автомашинаи боркаш насб гардида нерӯи автономиро пурра аз агрегатҳои дизелӣ мегирад. Барои ҳамин онро метавон дар дилхоҳ макон истифода намуд. Муҳандисони бастӣ дар давоми шабонарӯз фаъолияти пойгоҳро назорат карда, фаъолияти муттасили ҳамаи хизматрасониҳои мобилиро таъмин менамоянд”, - мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

Пойгоҳи базавии мутаҳаррик фаъолиятро бо стандартҳои 2G ва 3G ба роҳ мондааст. Ҳамин тарик, иштирокчиёни дарсҳои низомӣ имкони дастраскунии на танҳо алоқаи овозӣ, балки ҳамчунин интернети мобилиро барои муошират бо дӯстону наздикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо намудаанд.

“Дарсҳо дар давоми 30-40 рӯз идома меёбанд. Албатта, тӯли ин муддат сарбозону афсарон ба наздикони худ пазмон мешаванд. Ба шарофати ширкати “МегаФон Тоҷикистон” иштирокчиёни дарсҳо имкон доранд ба хона занг зада, ҳатто ҳангоми қарор доштани худ дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон аз хабарҳои навин огоҳ гардида овози наздикони худро бишнаванд”, - изҳор дошт Рустам АВЕЗОВ, иштирокчии дарсҳои низомӣ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2